ИСТИҚЛОЛИЯТРО БОЯД ҲИФЗ НАМУД

Ҷумъа, 11/09/202016:25

Дар ҷаҳони муосир тибқи маълумотҳо 3-4 ҳазор ҳалқият зиндагӣ мекунад, ки аз ин миқдор танҳо ҳудуди 200 ҳазор халқият давлати худро дошта, соҳибихтиёр фаъолият мекунанд. Миёни ин ҷамъияти башарӣ тоҷикон низ мавҷуданд, ки тавонистанд, то ба сатҳи миллат ташаккул ёфта, ба бузургтарин ҳадафи милию сиёсӣ, яъне ташкили давлати мустақил мушарраф шаванд.

Тайи ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон ни сахтиҳои зиёде таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикаст боз эҳёшави ва камолоти афзунтар ноил гаштааст. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ки ба оғози солҳои 90-ум рост омад, арзиши бузурги давлатдории тоҷикон аст.

Тамоми муборизаҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби тоҷикон анҷом дода шудааст. Ҳадафи озодӣ ва истиқлолхоҳӣ ҳамеша дар меҳвари онҳо қарор дошта, истиқлолият ҳамчун ормони бузурги ҳастии миллӣ ба шумор мерафт. Ҳар насли гузаштаи даврони зулми аҷнабиён ба ормони озодӣ зиндагӣ мекард ва бо ҳамин армон аз дунё мерафт. Насли имрӯза аз ҷумлаи хушбахттарин тоҷикон дар тамоми давраи таърихии ҳастии миллат мебошанд. Зеро онҳо дар ҷамбасти ормонҳои ҳазорсолаи миллат расидан ба истиқлолият зиндагӣ мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари бадастории соҳибихтиёрии миллию давлатӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии давлат, афзалияти бештар пайдо мекунад. Танҳо дар даҳсолаи охир чандин ҳолатҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз мушкилоти рузафзуни ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи мазкур ҳанӯз дар солҳои 90-ум мавриди татбиқ қарор дода шуда буд. Минтақаҳоро ба душмани ашадии якдигар табдил дода, кӯшиши дар ҳудуди як водӣ сохтани давлати алоҳида рӯйи даст гирифта шуд. Муборизаҳои сиёсии қувваҳои гуногун дар бадтарин шакли зоҳиршавии терроризм амалӣ мегардид. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ давлатро ба марҳалаи нестӣ наздик сохт, аммо бо кӯшиш ва талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо гардида, ҳамаи ин равандҳои ҷудоихоҳӣ зина ба зина аз байн бурда шуд.

Мутаассифона баъзан ақидаҳое миёни омма мавҷуд аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон заҳмат ба даст наомадааст. Бояд намуд, ки ин зумра инсонҳо фақат парокандашавии ногузири Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамин тавр ба ҷумҳуриҳои мустақил табдил шудани давлатҳои иттифоқро асос қарор медиҳанду халос. Аммо нодида мегиранд, ки замина барои таъъсисёбии Тоҷикистони мустақилшуд, ки қадар заҳматҳо паси сар шуда буданд.

Пешвои миллат дар суханронӣ ба ифтихори 11-умин солгарди Истиқлолияти давлати қайд намуда, “Ақидаи ба осони соҳиби мустаҳқилият гардидан шояд ҷавҳари бунёди он назар андозем, баръало мебинем, ки истиқлолият ва озодӣ дар давоми садсолаҳо маънии таърихии халқи мо будааст. Яъне расидан ба озодии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама соҳибихтиёрӣ дар корҳои давлатдорӣ, ал ҷумлаи талошҳои тӯлонӣ ва ҳамешагии миллати мо дар давоми ҳазорсолаҳо буд”.

Дар самти татбиқи истиқлолияти давлати тарғиб намудани унсурҳои мусбати раванди рушди давлатҳо ҳамчун намунаи ояндасозии Тоҷикистон зарур мебошанд. Истифода кардан аз намунаҳои манфӣ дигар хоси давраи кунунии рушд нестанд. Ҳадаф аз намунаи мусбат ва манфӣ чист?

Яъне Тоҷикистони имрӯза дигар кишвари ҷангзада нест. Минбаъд бояд кӯшиш кард, ки рушду инкишоф ва фазои сиёсии давлат дар оинаи давлатҳои рушдёфта бештар натиҷагири карда шавад.

Замнин Истиқлолияти давлатиро ҳамчун фазои расидан ба ҳадафҳои бузургии миллӣ ва гояҳои созанда бояд ҳифз кард. Пайи ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар сайю талош намуд.

Қурбоназар Давлатов,

сархатиби ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *