ШУКРОНАИ ИҚБОЛ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ      

Чоршанбе, 09/09/2020-19:50

Афтодагию бечорагӣ ба паён расид. Аз пушти қуллаи ифтихору ғурур, фаротар аз гардун, аз он ҷое, ки ситора зода мешавад, ва равшанӣ медиҳад дармеёбад, аз он ҷое, ки ошёни бахт, маснади худшиносӣ ном дорад, якбора сапедаи субҳи умеду орзуҳо дар кулбораш хуршеде овард, ки Истиқлол унвон дорад. Ва он сонияву дақиқаҳо, рўзҳову ҳафтаҳо моҳҳову солҳо ва қарнҳо боз дар раҳми умеду орзуҳои халқи офарандае интизори фарорасии сапедадам буд. Фариштаҳои накуию осудагӣ бо армуғони озодӣ ва баҳори мустақилият онро аз уфуқи дури вақту замон, аз арши сарфарозиҳо дар нарниёни абри сафед, дар парпечи дороию нур ба ин кишваре, ки дар зебоию гувороӣ порсоии сокинонаш ба биҳишт монанд аст, фуруд оварданд.

         Ин навзоди фархунда аз уфуқи дур ба кишвари саодату сурур, гўё дар боли фариштаи бахту ризо, нияти нек, хоҳиши эҳёгарӣ омад. Ва ин заминро болотар аз гардун дарёфт, балки  фаротар аз фалакҳояш дид. Аз роҳи дида ба дили бошандагони ин Ватан хазид. Дар дилҳо боварӣ эҷод кард. Занҷири дар тўли қарнҳо зангзада ва ба датсу по ва пайкари ин мардум печидан нобоварӣ ба худро барканд. Туҳфаи дигарашро, ки озодӣ ва озодагӣ буд, аз кулбораш берун кишид ва аз ҷилои гавҳари озодӣ дидаҳо пурнур, дилҳо гарм, оянда равшан ва пеши кор мунаввар гардид.

         Чун баъди ҳазор соли интизорӣ ба замини армонҳо фуруд омада буд, кебида-кебида пой гузошт. Нахустин гомҳояшро ниҳод ва гармии заминро эҳсос кард. Дарк сохт, ки хоки ин фарш чун замини мубораки арш муъҷизаофар аст. Балки шабеҳи хоки биҳишт аст.

         Аммо парвардаҳои аҳриман наҳсу навмедӣ, ҷудоию парешонӣ, нобоварию андешаи ғуломӣ хостанд шабохун зананд. Ин ҳама хостаҳо ва дарёфтаҳои фариштаи истиқлолро боз пас ба уфуқи муқобил баранд, ки онҷо ҳамеша шаб аст. Сапедадамро дар зиндони жарфтар аз тасаввур ва ториктар аз ҷаҳолат биафканад. Дару даричаи ин зиндонро бо санги фаромўшию бехудӣ, душманиву разолат ва ҳамоқату пастӣ то ҷовидон бипўшонанд. Сарчўйи нурро, ки аз нури мутлақ ибтидод дорад, бубанданд. Баъд бо селаи хаффошҳо аз ғорҳои тори хеш бурун ҷаста, ба ҳоли булбулони шириннафир биханданд, қумриву парастуҳоро писханд зананд. Қанориҳоро кафасбанд созанд, хирому қақраи кабки дарӣ ва овози фалакпечу фалакгирашро дар гўр кунанд. Гулҳои гулистон, сабзаи бўстон, накҳати чаманистон, насими тозанафас, дарёҳои мусаффо, ҳосилхезии хок, нури офтоб, ҷилои моҳу ситора, хулоса ҳамаи он чиро, ки дар ин мазрааи пок мазмуну маъние дорад, бадарға кунанд. Расми рўйишро барандозанд. Бар қасди некиҳо бадиҳо қад афрозанд.

         Аз гармии офтоб, нармии хок, устувории кўҳҳо, насими дарёҳо, хандаи шукуфаҳо, қум-қуми кабутар, парвози парастуҳо, чаҳ-чаҳи булбулон, гиряи обшорон, эҳсоси худшиносӣ, тантанаи боварӣ озарахши хоҳиши оташи муқаддас ба замин фуруд омад. Гулхане фурўзон шуд, ки дар покӣ озари Ҳазрати Иброҳим ва оташи Ҳазрати Зардуштро ба ёд меовард. Дар шуълаи ин оташ дидаҳои хира мунаввар шуданд. Равшанӣ аз дида ба дилҳо ва баъд ба раг-раги ҷомеа роҳ ёфт. Ин гўшаи биҳиштмонанд мунаввар шуд. Онро бошандагонаш Ватан гуфтанд, ҷони ман гуфтанд. Дури маънӣ суфтанд.

         Сари хам боло шуду сафинаи умед фалакиаймо. Мардуми озода озод шуд.

         Истиқлолият ба по рост истода, мардум даст рўи дил ниҳода, чакомаи ҳастӣ суруданд. Азму ҷазми бошандагони ин Ватан гувоҳӣ бар он медиҳад, ки истиқлоли ин Ватан ҷовидонист.

То ин андеша тақвият ёбад, орзу амалӣ шавад, аз баландии қуллаи ифтихор Пешвои ин миллат Эмомалӣ Раҳмон ба гузашта чашмандозе кард ва барои он ки ояндаро дурахшонтар бубинад, фармуд, ки таҷрибаи таърихро биомўзанд. Аз ганҷинаи гузашта беҳтарин ва омўзандатарин андарзҳоро дарёбанд ва чун панди рўзгор корбаст созанд. Бо ин ният хазинаи таърихро такорў кард, пайкари пурдарди миллатро сила намуд. Нолиши миллат аз умқи таърих ба гўш расид ва орзуву хоҳиши миллат эҳё шуд. Панҷаи малҳаме ба пайкари дардноки миллат хазид. Миллат эҳсоси гармиро дарёфта, хуни худогоҳӣ дар шарёнаш ба ҳаракат даромад. Куҳнадардаш даво, пираш асо ва мардум раҳнамо ёфт. Дони садсолаҳо дар зери хок хуфта шеваи нумуъ гирифт. Аз пушти қуллаҳои баланди осмонбўс пардаи фаромўширо дарида, офтобе бо оини тулуъи ҷовидон ба шаъшаъапошӣ оғозид. Ин панҷаи шифобахш неруи синоӣ дошт. Дардҳои миллатро даво бахшида, тамоми ситораҳоеро, ки дар гунбади сипеҳри ин Ватан парешон буданд, хуршеди истиқлол ба худ ҷазб карда, чашмаи нури азалиро мемонд. Фаввораи нури хирад, илм, донишу, маърифат, огоҳӣ, бедорӣ, ҳамдилӣ, ваҳдат, одамгарӣ, башардўсти, эҳёгарӣ, офарандагӣ, созандагӣ, дурбинӣ, таҳаммулпазирӣ, покӣ, озодагӣ, озодӣ ва озодандеширо дар худ дошт ва тухми рушноӣ дар ин хоки баланд кошт.

         Нури эҳё пуштаву кўҳ, дараву сардараҳо, водию саҳроҳоро бо забони нигоҳи гарм ва пурэҳтирос бўса дод ва уқдаҳои кори чашмаҳои хушкидаро бикшод. Аз садҳо ҳазор чашмаи хушкида пайиҳам об фаввора зад. Ва ин қатраҳову чашмаҳо аз теғаи қуллаҳо ва кўҳу камар ба сўйи ҳам шорида, дар як маҷро рехтанд. Маҷро калон шуд, туғён пайдо кард, неруи бузург дарёфт. Ҳазорон сади аслию маҷозиро шикаст. Зеро аз иттиҳоди қатраҳо  дарё тавлид шуд. Истиқлол ном гирифт. Ба чор сўйи Ватан чун шарёни хунгард аз он шохобаҳо ба худ раҳ кушода, ҷорӣ шуданд. Ҳар ҷое маҷрои ин дарё мерасид, аз оби ҷонбахшаш, насими руҳнавозаш хушкидаҳо сабз мегардиданд. Решаҳое, ки дар оташсўзӣ ва тундбодҳои таърих дар зери хок эмин монда, ҳазорон сол боз фурсати нумуъро интизор буданд, аз хок сар кашиданд, шаҳди истиқлолият чашиданд. Майсаи армон дар чаманзори ҳастӣ дамид. Дили мо дар синаамон орамид. Ҳарфи шукрони худмухторӣ ва ҳисси соҳибватаниро забон ба лаб ва лаб бурун овард. Шукри истиқлол гуфтем.

         Садои амвоҷи рўдбори Истиқлол забонҳои лоли долу дарахтро гуё карда, баргҳо бо пичир-пичир чакомаи рўйишро барои сабзаҳо сароиданд. Чир- чиракҳо то субҳ сари овози шабҳангомро гирифта, бо сози обшорон ҷўр шуданд, дар фалак моҳу ситораҳо дар пайравии сайёраи Зуҳра ба рақси фалакии хеш тобишу мавзунияти хоса бахшиданд.

         Субҳ тоиракони боғ аз ҷилваи гулҳои ранг-ранг ва лолаҳои синадоғ лаҳни гуфтори хешро, ки аз таровату гулафшонии боғу роғ саршор буд, самимияти бештар бахшиданд. Мурғони муҳоҷир аз чор самти дунё ба лона баргаштанд. Ошёнаҳо ва хонаҳо пур шуданд. Суруди ҳастӣ аз минбари Истиқлол баланд садо дод ва гўши одаму олам онро шунид. Ба заковату фаросат, муҳаббат  самимият, шуҷоату қаҳрамонии ин мардум арҷ гузошт.

         Дар ин раванд барои парвози кабутари сулҳ панҷараҳои сунъӣ, саддҳои бинокардаи аду, домҳои афкандаи бадхоҳонро як – як аз хати болкушоии мурғи хушпайк канор андохта, ба ў ҷуръату ғайрате ато гардид, ки тавонад каргасу лошахўронро маҳв созад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Кабутари сулҳ дар ошёнаи ваҳдат камол ёфта, ба симурғи наҷотбахши даврон мубаддал шуд. Дар лаҳзахои ҳассос ва мушкили таърих ба кўмаки ин мардум даррасид ва ба гурдони миллат роҳи наҷот, роҳи суботро нишон дод. Садҳо Золи Зар, ҳазорон Рустаму миллионҳо Суҳробу Сиёвуш, Гурдофариду Рухшона, Спитамену Муқаннаъ ба арсаи ҳастӣ омаданд. Зеро Истиқлол оини қаҳрамониро барқарор кард. Гумкардаҳои худро дарёфтем. Гумгаштапайдоҳо бо ҷони саршор аз меҳр ба миллату меҳан зери парчами нанг саф оростанд, тавонотар шудем.

Нури эҳё, ки барҳақ, бархурдор ва ҷилвапардоз аз расми аҳуроӣ аст, дар варақи санги кўҳистони сар ба фалаккашида муҷалло шуд ва ин оина ҷаҳонро мунъакис сохт. Дидему шинохтем ҷаҳонро. Ҷойгоҳи ифтихории хешро, ки дар баланди баланд, барои ҳасудони мо дастнорас ҷойгир буд, оғўши интизорӣ барои мо кушода, ҳазорсолаҳо мунтазир истода буд, пур кардем. Дидем, ки дар ин баландии ифтихор ва дар оинаи вақт чеҳраамон аксандозӣ дорад. Худро шинохтем, ҷаҳон низ моро шинохт. Ин ҳам ба шарофати Истиқлолият муяссарамон гардид.

То ба ҳам наздиктар шавем, бо роҳи ягонагӣ равем, синаи сангини кўҳро шикофтем, аниқтараш гиреҳи уқдаи сангро кушода, дилҳои сангинро нарм, қалбҳои сардро нармӣ бахшидем. Ин амали хайр чандин кори неки дигарро ба субут расонда, рафтуои мардум ба гўшаҳои дури Ватан осон шуда, ба шодии мардум шодӣ афзуд. Манотиқи дурдаст ҳамрадифи марказҳои фарҳангӣ обод шудан гирифтанд. Дар ин замина роҳҳои тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ боз ва мардуми кўҳистон ба тиҷорат майл карда, соҳиби шуғл шуданд. Зиндагӣ  инҷо ранг ва оҳанги дигар гирифт. Аниқтараш рангинтар шуд. Кўҳистониён ки зиндагии ба худ хос доштанд, бо тиҷорат пайвастанд. Ба равандҳои инкишофёбандаи замони муосир ҳамроҳ гардиданд. Дилогоҳтар шуданд. Он роҳе, ки кўҳҳо, дарёҳо, пуштаву дараҳоро убур мекунад, роҳи қадимаи абрешим аст, ки аз Чин то Аврупо ба воситаи кишвари мо тўл мекашид. Ин ҷодаи ҳаётбахш, ки қисмати дохилиашро роҳи ваҳдат номидаем, ишора ба он маънист, ки халқи кишвари мо ҷонибдори ваҳдати халқҳои ҷаҳон аст. Ва ин сифат-башардўстӣ аз қадимзамон то имрўз яке аз сифатхои аз дигарҳо фарқкунандаи мост. Ин маъниро дар суханрониҳояшон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доимо  таъкид мекунанд. Халқҳои  Тоҷикистон бо он мувофиқанд. Яъне хулоса мешавад, ки Истиқлол натанҳо аз нигоҳи молию иқтисодӣ вазъи моро беҳтар кард, балки руҳи созанда, зеҳни тез, ақли гиро, чашми бино ва хиради азалии моро ба таҳрик овард.

Маънии ҳастии хешро дарк кардем. Дарёи эҳсосу андешаву тафаккур, ангораву тасаввур, хоҳишу умед, хоставу ният, азму иродаамон ба ҳам омехта, баҳре бузургу пургавҳар гардид. Онро метавон баҳри ваҳдат ном гузошт. Аз умқи жарфнои он садаф берун мекашем ва дури мақсудро меёбем ва ҳадафмандона сўйи  оянда гом мебардорем. Ҷуръати мо моро ба он сўйи андешаҳо, фаротар аз хоҳишҳоямон мебарад ва комилтар мекунад.

Бале, имрўз мо баста бо иродаи дигарон нестем. Ба ҷодае гом мениҳем, ки дар анҷоми он мо худро рўсурхтар, сарбаландтар мебинем. Зеро роҳи интихобкарда ва хостаи мост. Оре, аз рўзе, ки Истиқлолият чун қуллаи Исмоили Сомонӣ бархост, мо қоматрост шудем. Давои дарди моро малҳам давои ҳазрати Синост. Дар иттиҳоди қатраҳо истиқлол шабеҳи дарёст, ки нопокиҳоро пок мекунад. Хушкистонҳоро сарсабзӣ мебахшад.

То комилтар шавем, гумкардаҳои моро дар ҷодаҳои таърихх истиқлол ҷўё шудааст. Аз ин амали шоиста, дар ин хоки оростаю пероста ва боғистони хушнакҳат забонамон гўё шудааст.

Аз шаш ҷиҳат дари иқбол ва пайроҳаи орзуро ба рўи мо кушода, бо мо ба кўи мақсуд раҳпаймост ва Истиқлолият барои мо оинаи дунёнамост, ки сурати моро комилтар нишон медиҳад.

Усмон БИЛОЛӢ,

сокини нощияи Вахш

  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *