ПЕШВОИ МОРО ХУДО НИГОҲБОН БОШАД

Сешанбе, 08/09/2020-16:33

На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам…

Ҳаққо, ки шоир Рустами Ваҳҳоб ин ҳамаро дар симои нўронӣ ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида, ин абётро эҷод намудааст. Агар мо дар бораи Сарвари давлат, фарзанди фарзонаи миллат, оқилу дурандешамон соатҳо гӯем ё достонҳои калонҳаҷм эҷод намоем, кам аст. Чунки дар он солҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ на ҳар кас ҷуръат дошт, ки роҳбарии давлати ҷангзадаро бар дўш бигирад. Аммо Эмомалї Раҳмон ин ҳамаро бар дўши худ гирифт. Гарчанде медонист, ки ин ҳама барояш гарон хоҳад буд, аммо бо қадамҳои устувор ва азми қавӣ сарварии давлати навинро бар зиммаи худ гирифт. Аввалин сухане, ки гуфт, ин буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ман худро ором ҳис намекунам» ва ба суханаш ва ба қасами хўрдааш содиқ монд.

Сарвар, ки ба шири модараш хўрд қасам,
Бо номи ба оламовараш хўрд қасам.
Бо ҳастии нангпарвараш хўрд қасам,
Бо ҳар сари ҷони кишвараш хўрд қасам.
Бедор шудем, бедор шудем.

Бале, халқи тоҷик бедор шуд ва дарк намуд, ки акнун такягоҳи худро ёфтааст. Аз рўзи ба сари минбар баромада, парчамро бўса заданаш мо Сарвари тозаинтихоби худро дўст доштем ва аз ҳамон лаҳзаҳо хурду бузурги Тоҷикистон ўро Пешвои худ медонанд. Мо ҳама шоҳиди онем, ки чӣ қадар ранҷу азобҳоро пушти сар кардааст, то миллати тоҷикро сарҷамъу муттаҳид намояд.
Зери як Парчам бо Ваҳдату сулҳу субот зистанро мо аз Пешвои худ омўхтем.
Расму оини аҷдодиро омўхтану пос нигоҳ доштан, ба гузаштагони бузурги худ эҳтиром гузоштанро мо аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омўхтем. Чӣ хуш аст, ки Раҳбари давлати мо ба гирифтани унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сазовор гаштанд. Гарчанде мо ўро аз рўзи аввали ба сари давлат омаданаш Пешвои худ медонистем. Мо-халқи точик бо Пешвои оқилу хирадманди хеш ифтихор менамоем ва сиёсати пешгирифтаи сарвари мамлакатро эътироф менамоем ва ба ҷон мепазирем.
Тоҷикистони кўчаки моро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ баромад намуда, нуфузи тоҷикону тоҷикзабонони бурунмарзиро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштааст. Ҳар гоҳе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ мебинам, ҳазорон бор аз тоҷик будану чунин Сарвари хирадманду доно доштан ифтихор менамоям. Ифтихор аз он менамоям, ки чунин Пешвои доно ва чунин кишвари ободу зебо ва тинҷу осуда, ки бо ташаббуси Сарвари дилсўз насибамон гаштааст, дорам. Ман ҳамеша дуогўи ҷони ў ҳастам ва ҳамеша пайгири сиёсати хирадмандонаи Пешвои худ мебошам.

Ин аст мароми қасами сарвари мо,
Сахт аст сиёсати ватанпарвари мо.
Бояд ҳама чо баланд бошад сари мо,
Як давлати машҳур шавад кишвари мо.

Тоҷикистони азизамонро бештар аз ҷон дўст медорам дар баробари он ба Пешвои худ эҳтироми бузург дорам. Тоҷикистони азизи мо бо Пешвои худ ободу зебо ва шукуфон аст.

Дар ҳама ҷо дар бараш ҳастем мо,
Ҷон ба ҷонаш сахт пайвастем мо.

Он эҳтироми бузурге, ки нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дорам, бо ду – се ҷумла баён кардан мушкил аст. Фақат даст ба дуо бардошта мегўям: -Пешвои моро Худо нигоҳбон бошад.

Сироҷиддин Мирзоев,
сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *