ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Якшанбе, 06/09/2020-21:50

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди нияти неки роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини сулҳу ҳамзистии осоишта ба хотири ояндаи неки миллату меҳан, аъзои ТТЭ ҲНИ аз аввал ба ташкил ва иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дастбакор шуданд. Бо наљша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амалӣ намудани чандин ҷинояти махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани ҳокимияти давлатӣ ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ бо пуштибонӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиаш мехост сохти конститутсионии давлати моро тағйир дода, ҳокимиятро ба дасти худ гирад.

Ҷавонони тоҷик ҳамчун зодаи даврони истиқлолият бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гурўҳҳои мамнўи экстремистиву террористӣ, ки онҳо аз номи ислом истифода намуда, барои амалисозии ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ба сўйи худ ҷалб мекунанд, мубориза баранд. Нагузоранд он давраи солҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки ҷавонону кўдакони он замон аз гуруснагию бемориҳои маргбор ранҷ мекашиданд ва ин азобу ғами фарзанд падару модаронро оварда ба марг мерасонид, бо истифода аз ҳўшёрию зиракии худ ин амалҳои нопокро ба насли ҳозира ва оянда ҳеҷгоҳ роҳ надиҳанд. Имрўз бояд ҷавонон бо дарки масъулияти баланд дар муқобили амали онҳо дониш ва маърифати баланди худро истифода карда, барои амалкардаи онҳо вокунишҳои далелнок ва қатъӣ нишон диҳанд.

Мусаллам аст, ки аҳдофи ҳар гуна гурўҳ ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зўриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури таассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии манфиатҷўёни хориҷӣ асос меёбад.

Тавре, ки аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо намудем, чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди динидошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд, бештар ба назар расида истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди бо талошу ҷоннисориҳои зиёд ба даст омадани ризоияти миллӣ ва суботи саросарӣ борҳо таъкид доштанд, ки тамоми талошу кўшишҳои худро барои чун гавҳараки чашм пос доштани оромиву суботи ҳар як фарди ҷомеа равона месозад.

Таърих исбот сохтааст, ки тоҷикон чун миллати сулҳовару суботпарвар дар ҳама давру замон дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни тафоҳуми неку мусолиҳатомез зиндагӣ карда, ин амал яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад. Аз ин ҷост, ки дар кишвари мо кабўтари сулҳ дар парвоз буда, нурҳои хуршеди ваҳдат аз пушти абрҳои сафеду беғубор нурафшонӣ мекунад.

Имрўз Тоҷикистон бо сарварӣ ва сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири дубора ноором нагардидани авзои сиёсии кишвар дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм љарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви СММ ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Пешвои миллати мо яке аз аввалинҳо шуда садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб фаъолу муттаҳид бошанд.

Ф. ЗОҲИДЗОДА,

муовини раиси ноҳия

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *