Сешанбе, 01/09/2020-21:09
Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир солҳои охир ба ҳалли масоили глобалие рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли онҳо мушкилоти зиёдеро пешорӯи давлатҳо меоранд. Яке аз ин масоили ҳалталаб, ки ҷаҳони муосирро ба андеша андохтааст, пайдо шудани гурӯҳҳои радикалию ифротгаро, тундраву экстремист ва амалхои террористии онҳо меббошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеаи башар таваҷҷӯҳи бештаре намуда, таъкидан гуфта буд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест”. Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат моро бар он водор месозад, ки сари ҳар қадам чӣ дар кӯча ва чӣ дар суҳбатҳои сарироҳӣ ба таблиғоти дурӯғини мубаллиғони ташкилоту ҳизбҳои “Ҳизбут-таҳрир, “Ансоруллоҳ”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳизби исломии Туркистон”, Ҳизби наҳзати ислом ва даҳҳо гурӯҳҳои тундрави навтаъсис роҳ надихем. Дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ барем, нагузорем ҷавонон фирефта гурӯҳҳои тундраву ифротгаро гарданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки таблиғгарони ин ташкилотҳои хатарзои ҷомеа бештар ба ҷавонони сустирода, ноогох такя менамоянду онҳоро ба доми хеш мекашанд. Сипару яроқи асосии онҳо тафсири бардурӯғи дини мубини ислом аст. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифаҳмонем, ки терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ рабте надорад. Дар ҳадисе омадааст, “Агар миёни мусулмонон фитнае ба вуҷуд омад, аз шамшери чӯбин ин сулҳу салоҳ, боҳамоию ҳамдигарфаҳмӣ мебояд. Ҳолати имрӯзаи мамлакатҳои Мисру Яман, Ироқу Шом, Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро беш аз ҳарвақта ба ташвиш овардааст. Мо-тоҷикон тибқи дастуру супоришҳои давлату ҳукумат амал намуда, сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи корӣ худ қарор медиҳед. Чуноне, ки аз суханони Фарзанди фарзонаи миллат-Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки терроризм аз он манша мегирад, бояд муайян ва пурра бартараф карда шавад”.
Мо-тоҷиконро зарур аст, ки шукронаи ваҳдату ягонагӣ, соҳибистиқлолии давлат намуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оромие суботи кишварро чун мардумаки чашм нигаҳбон бошем. Зеро оромии кишвар-осоиши мост
Заъфира Холова, омӯзгори МТМУ №8