БРА гуфт, Тоҷикистон ягона давлати аъзояш аст, ки иқтисодиёташ дар замони пандемия рушд кард

Сешанбе, 01/09/2020 – 16:48

Тоҷикистон ягона давлати аъзои Бонки рушди АвруОсиёӣ мебошад, ки дар шароити пандемияи коронавирус иқтисодаш рушд кардааст

Тибқи гузориши Бонки рушд АвруОсиёӣ, Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои камтарини минтақа аст, тавонист рушди иқтисодиро дар давраи пандемияи коронавирус нишон диҳад.

Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи БРО, Тоҷикистон ягона кишвар дар байни кишварҳои узв аст, ки рушди иқтисодӣ дар пасманзари коҳиш ёфтани иқтисоди кишварҳои дигари ин созмон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои чор моҳи аввали соли 2020, дар ҳамаи кишварҳои узви ин ташкилот, ба истиснои Тоҷикистон, пастравии иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст.

ММД-и Русия 1,9%, Беларус – 1,3%, Қазоқистон – 0,2%, Қирғизистон – 3,8% коҳиш ёфтааст, дар Арманистон бошад, нишондиҳандаи фаъолияти иқтисодӣ 1,7% поин рафтааст.

Таҳлилгарони Бонки рушди авруосиё таъкид мекунанд, ки кишварҳои узв бо сабаби имконоти мухталифи ҳавасмандгардонии молиявӣ ва вазъи эпидемиологӣ эҳтимолан аз ин вазъ баробар намебароянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ММД-и кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 32,4 миллиард сомонӣ (429 миллион доллар) баробар шуда, афзоиши воқеии он 3,5 фоизро ташкил додааст.

Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши истеҳсолоти саноат ва кишоварзӣ таъмин карда мешавад, ки суръати хубро нишон медиҳанд.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар тӯли як сол 9,2% ва маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 8,2% афзоиш ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *