Панҷшанбе, 27/08/2020-13:31
АНДЕША: Ба ҳамаи мо маълум аст, ки вазъи сиёсии ҷаҳон зудтағирёбанда ва пешгўи нашаванда аст. Ҳар нафаре, ки аз шабакаҳои интернети истифода мебарад метавонад мушоҳида намояд, ки пеш аз баргузории чорабиниҳои сиёсиву давлатӣ, шахсони бадхоҳ, гурўҳҳои террористию экстремистӣ, нафарони харидашудаю ватанфурушон барои ноором сохтани ҷомеа осоишта ба қавле бисёр фаъол гардида, сенарияву баромадҳои дуруғро тартиб дода, мехоҳанд худро ҳамчун шахси «ватандўст, некхоҳи мардум, ва шахсони озодихоҳ» нишон диҳанд. Дар асл мақсади ягонаи ин гурўҳ як аст танҳо расидан ба мақсадҳои хоҷагонашон ва гирифтани пулу мол бар ивази хизматҳояшон. Махсусан дар шабакаҳои интернетии You Tube, Facebook, Instagram, хоиноне, ки ба хотири молу сарват аз баҳри муқадастарин арзишҳо ба мисли Модар-Ватан гузаштанду ҳалқабаргўши хоҷагони хориҷиашон гаштанд ин нафарон Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Мирзо Салимпур, Шарофиддин Гадоев ва як чанд афроди роҳгумзадае мебошанд, ки бо ҳар ном дар паи ҷустуҷўи туҳмату буҳтонҳо ҷони худро фидо карда истодаанд. Дар ҳақиқат айбҷўи кардан, туҳмат задан, барангехтани кинаю адоват осон аст, нисбат ба бунёду обод кардан. Ҳар нафаре, ки ба тамошои баромадҳои ин ҷоҳилон мепардозад бояд дарк намояд, ки саги ҳамсоя хонаи моро нигоҳ намекунад ва инҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри пешрафти давлат, ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нестанд ва танҳо барои манфиатҳои шахсии худ нақш бозида истодаанд. Мардуми заҳматкашу бунёдгари тоҷик борҳо аз хиёнату амалҳои ноҷавонмардонаи ин афрод огоҳи пайдо карда ва сулҳу оромии ба ҷон омадаро бо ҳеҷ чиз иваз намекунанд. Алалхусус мо ҷавонон аз таърихи миллати худ огоҳи пайдо карда, ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки сагони бадхоҳ ин ватани ободу зебои моро ноором созанд.
Худойдод Ёров,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Вахш