ЧУН АБРИ ПАРЕШОНИ САМО МЕГУЗАРАМ МАН

Шанбе, 22/08/2020-08:35

Дарднок аст шунидани хабари марги соҳиб диле. Вале, чи чора, ки банда миранда аст. Хабари марги ҳамқалами мо, устоди қадрдон Акрами Ризом қалби ҷигарбандон, пайвандону наздикон, дўстон, ҳамкорону ҳамкасбон, шогирдон ва онҳоеро, ки ўро мешинохтанд, сахт ғамгину пуралам намуд. Рўзи 22 августи соли 2020 қалби устоди сухан Акрами Ризом дар синни 69-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Устод Акрами Ризом инсоне буд ҳалиму хоксор, ғамхору мушфиқ, азизу қадрдон, маслиҳатчию дардошно. Водареғо, боз як соҳибдиле моро тарк кард ва ў дигар дар байни мо нест.

Устод Акрами Ризом узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи Шамсиддин Шоҳин, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ҳамчун шоир тўли умри бо баракати хеш дар хизмати халқу диёраш буд. Соли 1994 маҳфили адабии ноҳиявӣ “Гулбарг”-ро таъсис дода, шогирдони ба воя расонид. Соҳиби маҷмуаҳои “Афсонаи хаёл”, “Гулшани хаёл”, “Ғазали ишқ”, “Ашки санг” ва “Маҳтоби Сари Хосор”. Бо хислати наҷибу меҳнати ҳалол, некию покии худ ба дилу дидаҳо ҷо гирифт. Ҳамин аст, ки ҳоло ин марди некро ҳамагон ба некӣ ёд мекунанд. Саъдии бузург фармудааст:

Саъдиё, марди накўном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накўӣ набаранд.

Устод Акрами Ризом хизмат кардан ба Ватан ва ба мардумро барои худ ҳам шарафу ҳам виҷдон, ҳам қарзу ҳам фарз медонист. Ҳамчун шоир шогирдони зиёдеро сабақ омўзонд. Чун шоир-рўзноманигор бо навиштаҳояш, бо ҳақбинию ҳақнависиҳояш дар байни хонандагон ихлосмандони зиёде пайдо кард. Ва устод эҳтироми мардумро барои худ аз ҳама унвону мукофотҳо боло медонист.

Устод ба бузургсолии худ нигоҳ накарда, ба рўзномаҳои даврӣ ҳамкории зич дошт. Пайваста бо шеърҳои тозаю хонданӣ меомад. Бо ҳамқаламон хушгўиҳо мекард. Вале, сад афсўс, бо ҳамкорону шогирдони хеш хушгўӣ намекунад, маслиҳату панди падарона намедиҳад. Ин ҳама дарднок аст, албатта!

Оҳ, аҷал, аҷал! Чаро ту ин қадар бераҳмӣ? Бехабару ногаҳонӣ омада, кори сиёҳатро ба ҷо меорӣ, одамонро гулчин мекунӣ. Ин дафъа ҳам бехабару ногаҳонӣ омада, як инсони беозор, поксиришту хушдилро рабудӣ. Бе ин ҳам инсон умри кўтоҳ мебинад, вале боз бераҳмона онро кўтоҳтар месозӣ. Ҳарчанд ин нобахшиданию аламовар аст, вале чи илоҷ, қисмати азалии инсон чунин буда.

Аз марги ин марди накўном дар хонаю коргоҳ ҷойи ў холист. Аҳли байт ва ҳамкорону шогирдон лолу ҳайрон, ҷигарсўзу мотамзадаанд. Наздикони устод Акрами Ризом ўро гоҳе рўйи ҳавлӣ ва гоҳо даруни хона ҷўё мешаванд, аммо, сад афсўс, намеёбандаш. Зану фарзанду наберагон танҳо ба расми зебойи ў нигариста, ба якдигар бо нигоҳҳои чашм гуфтугў мекунанд. Онҳо аз ҷигари сўхтаю қалби пора-порагаштаи худ оҳи ҷонсўз мебароранд. Ашк мерезанд, ашки талху сўзон. Аммо бо ин ҳама таскин намеёбанд. Медонанд ки ашкрезиҳо шахси азизу наздикашонро дигарбора баргардонида наметавонад. Ин аламовар аст, албатта!

Устод Акрами Ризом умри бобаракат дид. Ў аз худ кори неку номи нек боқӣ гузошт. Кори неку номи некаш дар дидаҳо буд, акнун ба қалбҳо гузашта. Чунончи шоир гуфтааст:

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накўном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *