Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.
Сохтори дастгоҳи раиси ноҳия
- Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 603,00 сомонӣ
- Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 603,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,40 сомонӣ
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
- Сармутахассис муҳандиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Мутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 603,0 сомонӣ
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
- Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,0 сомонӣ
- Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 840,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 740,00 сомонӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомот;
-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-2 дона расми 3×4;
-нусхаи дафтарчаи меҳнати;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад аз амволи шахсӣ;
-нусхаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранла);
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
-хислатнома;
-маълумотнома оид ба вазъи саломати шакли 086 УЕ муқарраргардида;
-маълумотнома (спарвка-объективка);
-маълумотномаи доғи судӣ;
Барои ишғоли мансаби сармутахассис
Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мутахассис
Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Вахш, Ҷамоати шаҳраки Вахш, кўчаи И. Сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш.
Телефон барои тамос: 8(83246) 2-37-82, 93-419-97-97
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.