Сешанбе, 18/08/2020 – 08:14
Дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ва пешгирии бемории коронавирус бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Бо сокинон оид ба истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар намуди заминҳо, кишти такрории саривақтӣ, ҳосилнок намудани зироатҳо ва риояи омилҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди коронавирус андешаронӣ карда, ҳамагонро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, баланд бардошани ҳосилнокии замин ва аз ин ҳисоб таъмини маводи озуқаворӣ ҳидоят намуданд. Дар охири чорабиинӣ ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.