Душанбе, 17/08/2020 – 06:25
Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии Коронавирус ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин бо ҷалби волонтёрон корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ ба роҳ мондаанд. Дар деҳаи Истиқлол-2 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» баргузор гардид. Волонтёрон дар манзилҳои истиқоматии сокинон суҳбат гузаронида, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ бо навиштаҷотҳои қоидаҳои муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ, инчунин ниқобҳои муҳофизатиро дастрас карданд. Дар баробари ин ба сокинон вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва аз он рӯёнидани ду-се ҳосил дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.