Сешанбе, 18/08/2020 – 08:12
Ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб, пешгирӣ аз бемории коронавирус, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар кӯчаи ба номи Аишер Навоӣ бо усули «хона ба хона» бо сокинон суҳбату вохўрии таъсирбахш баргузор намуданд. Масъулини ҳизбӣ дар чорабинии мазкур оид ба роҳҳои гузариши коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро ба сокинон фаҳмониданд. Дар рафти суҳбатҳо диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигениаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ зоҳир гардида, аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии ҳавливу лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд. Заминҳои кишоварзие, ки дар ихтиёри худ доранд, бояд самаранок истифода бурда, дар як сол зиёда аз се чор ҳосил ба даст оранд.