ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ДАР МАҲАЛ

Сешанбе, 18/08/2020 – 08:10

Дар кӯчаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо усули «хона ба хона» гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ  оид ба пешгирии бемории сироятии Covid-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбатҳо доир намуда, истифодаи  оқилонаи замин  буҷаи оиларо ғанӣ гардонда, зиндагии шахсро  бо  маводи ғизоӣ таъмин месозад. Ҳамчунин оид ба  пешгирии бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда, аз он ҷумла қайд намуданд: -Пешгирӣ  беҳтар аз табобат аст ва мову шуморо зарур аст, ки риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва анҷом додани амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятиро ҳатман ба ҷо орем, худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ ҳифз созем. Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби масъулин ба сокинон  варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *