ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД

Чоршанбе, 01/06/2020-08:52

     Ба мақсади пешгири аз бемории сирояти Коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш миёни сокинони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамарўза корҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир карда  истодааст. Вохурӣ навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Рудакӣ деҳоти Шар-Шар баргузор гардид. Дар вохурӣ мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи кор бо занон иштирок доштанд.

      Бинобар сабаби хуруҷи ин вирус мо бо ҷониши раиси ташкилоти ҳизбии Шар-шар ҳамсўҳбат шуда, қайд намуданд, ки ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал риоя созанд ва аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сокинони маҳал ниқобҳои муҳофизатии чандкарата дастрас карда шуд.

     Дар фарҷоми вохурӣ оид ба истифода намудани ҳар порча замин тавсияҳо пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он ба манфиати халқ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *