Чоршанбе, 01/06/2020-08:38
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», маҳаллаи «Истиқлол», кӯчаи Сомонӣ, бо тариқи усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагир КОРОНАВИРУС тавсияҳо дода шуда, ба онҳо ниқобҳои муҳофизати дастрас карда шуд. Инчунин бо мақсади хубу самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин дастуру супоришҳо дода шуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои таъмини рӯзгори ҳаррӯзаи худ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, саҳмҳо ва заминҳои ёрирасонӣ президентӣ хубтару беҳтар истифода баранд.
Ҳамзамон таъкид карданд, ки саломатии худ ва наздиконашонро эҳтиёт намуда, гигиенаи шахсию ҷамъиятиро қатъиян риоя созанд.