Чоршанбе, 01/06/2020-08:54
Масъулини Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахри пешгирии беморихои сироятӣ бо усули «хона ба хона» миёни аҳолӣ корхои фахмондадиҳӣ доир карда, дар Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод», деҳаи Фидокор, Бунгоҳи тиббии маҳалла усули «хона ба хона» ва ҳам бо сокинон ҳамсўҳбат шуданд.
Кормандони Кумита иҷроия дар вохӯриву суҳбатҳо чигуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи гигенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии Коронавирус тавсияхо дода, таъкид карданд, ки «Моро мебояд, ки ба таалука наафтида, тарзи хаёти солимро пеш гирем, ба табибони худ бовар кунем ва ба зиндагӣ хушбин бошем» ва ҳамеша тарғибгари ҳаёти солим буда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз гигенаи шахсиро риоя намоем, то худ ва дигаронро эмин нигаҳ дорем.
Дар ин маврид масъулин дар сӯҳбат бо сокинон ба кишту кори заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои ёрирасони президентӣ, диққати ҷиддӣ дода, захира намудани маҳсулотҳои ғизоӣ таъкид намуданд. Ҳамзамон ба онхо варакаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва чи гуна самаранок истифода бурдани замин дастрас намуданд.