Чоршанбе, 01/06/2020-08:42
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти сахо дароз намудан ба оилаҳое, ки ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд, имрӯз аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази саломатӣ (КАТС) Наҷотзода Фурқат Иброҳим бо иштироки кормандони ташкилоти мазкур ба чор оилаҳои эҳтиёҷманди Ҷамоати шаҳраки Вахш Қурбонова Лолахон, Қурбонова Людмила, Мардонова Мустафо ва Мардонова Бобошер ки ба ин бемори гирифтор шудаанд, маводҳои доруворӣ кумак расонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки саҳми ташкилоти ибтидоии Маркази саломатӣ (КАТС) дар ноҳия бузург буда, ҳаммарӯза ин гуна кумакҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд расонида шуда, аз тарафи ҳамшираҳои минтақавӣ хизматрасонӣ карда мешавад.