Чоршанбе, 01/06/2020-08:40
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти сахо дароз намудан, ба оилаҳои маъюбон, камбизоатон ва ятимону бепарасторон.
Аз ҷониби вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш аз ҳавзаи интихоботии №2 Нуров Умаралӣ Бобохонович аз ҳисоби даромади шахсиаш ба 6-оилаҳои маъюбу камбизоат маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва маводҳо барои қоидаҳои муҳофизат аз сироятёбии бемории сироятии Коронавирус яъне (COVID-19) ҳамчун кумак бо иштироки бевоситаи оилаи Нуровҳо ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дастрас гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамаи ҷашну идҳо ба табақаҳои ниёзманд аз тарафи вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Нуров У ба қадри имкон кумакҳо ба ин гуна оилаҳо расонида мешавад.