ВАҲДАТИ МИЛЛИ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

Чоршанбе, 24/06/2020-18:45

Шоҳсутуни бахти миллат сулҳу Ваҳдат будааст,

Шуҳрату шон, тахти миллат сулҳу Ваҳдат будааст.

Дар айёми омодаги ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдоваршудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони ояндасози мо, аз он ифтихор намоянд, сабаҳ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ, иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

Ғояхои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрўзҳо бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист. Ба татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ, пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам ва боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Оре, иттиҳоди милли неъмати бузург ва муқаддас мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рўзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Дар Тоҷикистон ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вукуъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ ба бўҳрони амиқ гирифтор шуд.

Бо шарофати саъю кўшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохилии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти пешравӣ, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрўзу фардои халҷу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Имрўзҳо на танҳо халқи кишвар, балки кулли ҷомеаи ҷаҳони возеҳ эҳсос менамоянд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама, тавассути бунёди сулҳ давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуктаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар тараққихоҳ муаррифӣ гардид. Беҳуда нест, ки таҷрибаи тоҷикон дар таъмини сулҳу субот, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ҳамчун модели сулҳовар қабул гардидааст.

Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиклол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати Ваҳдати миллӣ олитарин арзишест, ки бемайлон дар роҳи истеҳком ёфтан ва тараққи кардани он мусоидат намуд. Аз ин рӯ, ба таърих ва сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмист ба он хотир, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷ гузошта, ин неъмати илоҳӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Сабоҳат Салимова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *