Сешанбе, 23/06/2020-18:59
Ҳарчанд дар давоми солҳои охир миллати сарбаланди тоҷик, аз хиёнатҳое, ки дар ҳаққи Ватану миллат, гурӯҳҳои хиёнаткор раво дидаанд огаҳӣ доранд, вале дар ин филм ҷузъиёти хиёнаткориҳои ҲНИ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки аз тарафи гурӯҳҳои манфиатхоҳу қудратталаб ба амал омада буд, бениҳоят саривақтию айни муддаост.
Рўзҳои охир ҳамаи мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро намоиш дода истодаанд, ки ҳар як шахси ватандўсту миллатдўстро ба андеша водор месозаду хеле диққатҷалбкунанда мебошад.
Аз тамошои ин филм пай бурдан мушкил нест, ки кор гирифтан аз эътиқоди динии мардум қадами аввалин ва барангезандаи ин гурӯҳи муташаккил буд, ки баъдан боиси тақсим шудани мардуми тоҷик ба ду кавм ва маҳалгароии онҳо гашта, кушта шудани беш аз 150 ҳазор ҳамватанон, фалаҷ шудани ҳукумати он вақта ва ҳисороти зиёд расонидан ба иқтисодиёти мамлакат гардид.
Имрӯзҳо Кабирии хоин ва дигар ҳаммаслаконаш ҳар ҳодисаву воқеаи дар Тоҷикистон бавуқӯъ омадаро тавассути сомонаҳои интернетии «Ислоҳ нет», «Ахбор ком» ва дигар шабакахои иҷтимоӣ ба риштаи танқид мекашанду суханҳои ҳасудонаву иғвогаронаи худро дареғ намедоранд, дар ҳаққи ин сарзамину миллати осуда. Ҳатто дар рӯзҳои сирояти вируси ҳамагиру маргмири коронавирус ин гурӯҳ беш аз пеш даву тоз намуда, мехоҳанд фазои сиёсии Тоҷикистонро ноором созад. Пайдост, ки ин гурӯҳ ҳеҷ гоҳ аз мақсадҳои нопоки худ даст барнамедоранд. Аз ин рӯ, бигзор онҳо ба ҷазои худ ҳамчун хоинони Ватану миллат бирасанд, зеро ҳар амали онҳо хиёнат аст. Хиёнат ба ин сарзамин, хиёнат ба модар, хиёнат ба миллат, хиёнат ба обу хоки ин сарзамини мукаддас ва хиёнат ба Ватан, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба ягон қиммате, набояд бахшида шавад. Зеро инсон арзиши олиест, ки сару по бо меҳру навозиш, некиву накӯкорӣ, ростиву ростакорӣ метавонад ин ҷомеаро пеш бараду дар роҳи расидан ба арзишхои миллӣ тамоми нерўву кувваи худро харҷ менамояд. Шахсе, ки оғӯши гарми Ватану модарро эҳсосу дарк карда наметавонад, одам асту лек фарзанди одам не, ки ин одамонсуратон хиёнаткороне ҳастанд, ки аз дур истода мисли рўбох думашонро ба ҳар тараф метобонанд.
Қатлу куштор, дуздиву ғоратгарӣ, ятим сохтану гумроҳ кардан кори одамонест, ки фарзанди одам нестанд, ҳаромзодае, ки вуҷудаш гармии Ватан, виҷдонаш адоват, номусаш ор ва сиришташ накӯиро надидааст ба мисоли наҳзатиҳои одамсурати пастфитрат ҳастанд.
Филми ҳуҷҷатӣ бо далелҳои амиқ аз хиёнатҳои роҳбарияти ҳизби наҳзати исломӣ пахш гардида, ҳақиқатеро ошкор сохт, ки имрӯз бештари ҳамдастони онҳо бо роҳи фиреб ба доми баъзе аз хоҷагонашон афтода, фазои орому осудаи ин мамлакатро дида ҳасад мебаранду мехоҳанд мардуми шарафманди тоҷикро мисли худ ба доми нопокӣ кашанд, аммо ин миллати арҷманд ҳеҷ гоҳ ин сулҳу Ваҳдати миллиро, ки зери роҳбарои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд, мисли он рўбоҳон ба пулу зар иваз наменамоянд.
Сабоҳат Салимова,
мудири шуъбаи кор
бо занони Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар нохияи Вахш