ХОИН, ХОИН АГАРЧИ ЗАРРИН БОШАД…

Шанбе, 20/06/2020- 16:30

Барои мо бошандагони Тоҷикистон зарур аст, ки шукронаи неъматҳои Худовандро ба ҷо орем. Хусусан неъмате, ки Расуллоҳ (с.а.с) фармудаанд. Ду неъматест, ки мардум ба қадри ин ду неъмат намерасанд, яке тандурустӣ, дигаре фориғболӣ. Имрӯз мо дар зери сояи сулҳу субот, тинҷию амонӣ, фориғболӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем. Ин фориғболӣ неъматест, ки ба қадри ин неъмати бузург расидан худ инояти Парвардигор аст. Мо-аҳолии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бузург расем. Шукронаи давлати тинҷу ободу амон кунем, ки кабӯтари сулҳу ваҳдати дар фазояш ҳамеша дар парвоз аст.

Мутассифона имрӯз баъзе бадхоҳону ҳизбу ҳаракатҳои ифротие арзи ҳастӣ доранд, ки намегузоранд мардуми шарифи Тоҷикистон орому осуда умр ба сар баранд.

Аз он ҷумла, “Ҳизбу таҳрир”, “Ихвон-ул-муслимин” ва ТЭЭ ҲНИ, ки бо сардории Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар даст ба амалҳои бадандешонаи хеш мезананд. Аз дур истода чун чуғзи белона аз ҳар пешравии Тоҷикистонони азиз ба навҳасароӣ медарояд. Хиёнаткорони ифротӣ бо ду пули пучаки ҳароми хоҷагони хориҷии хеш аз ягон амали зишт рӯ намегардонанд. Даъвии “Адолату нақзи ҳуқуқи инсон мекунанд”, аммо боре нашудааст, ки амалкардҳои хешро ба тарозуии ақл баркашанд. Он хиёнате, ки соли 1992-юм ба анҷом расонидааст, то ҳол аз ёдҳо зудуда нагардидааст. Бо сабаби ҳамин ноадолатиҳои бадандешон буд, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор ҷавонмард қурбон, 55 ҳазор кӯдак ятим ва зиёда аз 1 миллион шаҳрвандони мо шаҳди ғарибиро чашиданд.

Агар мо ба каломи Аллоҳ (ҷ) ва аҳодиси Расуллаллоҳ (с.а.с) диққат диҳем, қадри муъминонро аз ҳама боло бардоштааст. “Боре Расули Акрам (с.а.с) аз назди хонаи Каъба гузар мекард мардеро дид, ки даст ба пардаи Каъба зада дуо мекарду мегуфт: -Боро Худоё бар ҳурмати ин хона гуноҳамро авф фармо. Расулаллоҳ (с) гуфт: -Эй бандаи Худо бо ҳурмати худат аз Худо суол кун. Зеро ҳурмати муъмин назди Худованд аз ҳурмати хонаи Каъба бузургтар аст”.

Пас худ қазоват кунед, ки роҳбари ТЭЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш чун Муҳаммадиқболи Садриддин, Шавкати Муҳаммадӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Шарофиддин Гадоев ва Мирзои Салимпур хоини миллату давлат буданд, ҳастанд. Чунки онҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри пешрафти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон набуданду нестанд. Корошон ҷуз дасисае беш нест. Ҳар нафаре, ки аз дур истода ба сӯи давлату миллати хеш санги маломат мезанад, ӯ хоин миллатфурӯш аст. Бо ду пули пучак натанҳо ҳарзагӯи мекунанд, балки хуни ноҳақ низ мерезанд.

Бори дигар  метавон аз касифӣ,  ноодамӣ,   зархаридӣ,  ватанфурушӣ, бевиҷдониву хиёнаткории  бархе  аз  шахсони манфур ҳарф зад. Ба чунин ашхоси палид, ки  баҳри пулу мол  ва сарват  аз  тамоми  муқаддасот  ва  ҳатто  аз инсонгари руй гардонидаву  баҳри пиёда сохтани  ҳадафҳои хоҷагонашон  талош намуда   истодаанд  дохил мешавад.  Муҳиддин Кабирӣ   ва  ҳам маслаконаш,  ки   бо ҳазорон дасисаву  иғвоангези чеҳраи манфури худро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон  борҳо нишон  додаву   имрӯз  мехоҳад  бо  иваз  намудани  номи  ТТЭ  ҲНИ ба Паймони миллии Тоҷикистон тамоми хиёнату амалҳои  ноҷавонмардонаи худро пӯшонаду  худро   ҳамчун   некхоҳи  мардум  нишон диҳанд. Бо дарки амиқи ниятҳои  эшон мардуми  тамаддунофару   сулҳпарвари  тоҷик  бо  ҷонбозию  ҷонфидоии фарзандони  фарзонааш   нақшаҳои  нопоки ин афродро зуд пай бурда, тавонистаанд  бо  мутаҳиддӣ  ва якдиливу  ҳамдигарбахши  соҳиби беҳтарин  неъмат Ваҳдати миллӣ  гарданд. Имрӯз бо ба даст овардани  ин  неъмат  давлату миллати тоҷик ба  натиҷаҳои   назарраси давлатдорӣ  ноил   шуда,  сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Вале  чашми  ҳасудон,  душманон,  бадхоҳони  давлату миллат инро дида  натавониста,  боз  меҳоҳанд  бо  ҳар  роҳу  васила  бар сари мардум зулму ситам, қатлу куштор ва даҳшатро  биоранду  бар ивази  луқмаи    аз  хоҷагонашон  гирифта,  ҳадафҳои онҳоро амали созанд. Дар сафи аввали  чунин нокасон  Муҳиддин Кабирӣ  меистад,  ки  имрӯз аз сӯи хоҷагонаш  истифода  шуда, ба қиммати андаки мол беҳтарин муқаддасот ба монанди Модар – Ватан, имон   ва  номусашро фурухта  мехоҳад,   аз  ҳар  як  вазъияти ба амал омада  истифода карда, ба  неъматҳои  арзишманди  давлату миллат ба монанди  Истиқлолият, Ваҳдату якдилӣ ва  тинҷиву  амонии  мардумро  халалдор  созад.

Мардуми оқилу сулҳпарвари  Тоҷикистон  бо азму иродаи созандагиву бунёдкорӣ,  ватандӯстдориву меҳанпарастӣ ва  зиракии сиёсии худ ҳеҷгоҳ намегузоранд,  ки  нохалафе  ба ин сарзамини аҷдоди бори дигар бо чашми бад нигарад.

Қурбонназар Давлатов,

сархатиби ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *