Ҳамоме, ки ба қассобхонаи катли ҳаммилатон табдил ёфта буд

Душанбе, 15/05/2020-18:00

Имрўзҳо мардуми шарифу сулҳпарвари кишвари азизамон яке аз дастовардҳои муҳиму муқаддаси даврони соҳибистиқлолӣ- Рўзи ваҳдати миллиро дар фазои ягонагиву оромии ҳамешагӣ бо ифтихор ҷашн мегиранад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи асосии  таҳкимбахши оромиву суботи ҳамешагии Ватани маҳбубамон барои ҳар як фарди соҳибватан муқаддасу азиз мебошад. Зеро ин неъмати бебаҳо бо арзиши хуни ҳазорон чонбохтагону ҳазорон азиятдидагон муясар гаштааст. Таърихи 25-30 соли қаблии кишвар гувоҳӣ медиҳад, ки   роҳбарони вақти ҳукумату давлат  аз бесалоҳиятӣ, беҷуръатӣ, надоштани дониши комили сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар идоракунии давлат дар ибтидои солҳои соҳибистиқлол гаштани ватани маҳбубамон, тавону қудрати танзиму назорати    фаъолияти гуруҳҳои иртиҷоии динии барои ҷомеаи мусалмони мо ҷадидро надоштанд. Маҳз бесалоҳиятӣ ва бефаъолиятии ҳукуматдорони давр боис гашт, ки гуруҳҳои иртиҷоии динӣ аз қабили гуруҳҳои ваҳобӣ ва шиагаро тавонистанд як қисми мардуми кишварро фирефта намуда ба сафҳои худ ҷалб гардонда, дар минбаъда боҳам омада ба таъсиси ҳизби терористиву экстремистии ҲНИТ мувафақ шаванд. Гуруҳҳои иртиҷоии зикргардида аз муҳиту шароити барояшон мусоид маккорона истифода намуда, кайҳо боз ҳамчун гумоштагон озодона  бо фармону дастури хоҷагону мурабиҳои хориҷии худ байни мардум таълимоти ботили мазҳабу равияҳои бегонаро таблиѓу ташвиқ мекарданд. Гачанде он гуруҳҳо масъулияту салоҳияти ҳалли масъалаҳои динву мазҳабиро надошта бошанд ҳам, ҳамчун нафарони ғайри аҳли фатво тартиботу талаботҳои  ѓайри мазҳаби моро ба мардум фатво медоданд. Амалҳои бегонапарастонаи онҳо боиси паҳн шудани афкори гумроҳкунанда гардид ва дар байни мардум аз рўи ақоиди мазҳабӣ тафриқа андохта шуд. Дар ниҳоят ТЭТ ҲНИ барои бо роҳи қудрат ҷорӣ кардани мазҳабу равияи динии бегона хостори ѓасби давлату ҳукумат гардид ва сабабгори оѓози ҷанги бародаркўши шаҳрвандӣ дар кишвар гардид. Дар он ҷанги бародаркўш ҳазорон нафар ҷони ширини худро бохтанд ва ҳазорон нафари дигар аз зулми бераҳмонаи намояндагони ТЭТ ҲНИ ҷабру ситами ваҳшиёна диданд. Муассис ва роҳбари идеологии ТЭТ ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки он солҳо бо лақаби Мулло Абдулло машҳур гашта буд, дар назди пайравон, ҷонибдорон ва аъзои ҳизби худ вазифа гузошт, ки ҳар нафаре  ба ақоиди мазҳабиву сиёсии онҳо муқобил аст бояд аз байн бурда шавад. Ў хуб медонист, ки мардуми зиёди кишвар ба хусус мардуми шаҳру навоҳии минтақаи Кулоб ва кулобитаборони минтақаи Бохтар (Собиқ Қурѓонтеппа)  аз ақоиду таълимоти мазҳабии онҳо на пайравӣ мекунанду на ҷонибдорӣ. Аз инҷост, ки ў омода буд то  мардумони зиёди  минтақаҳои зиккргардидаро ба қатл расонаду боқимондаро мутеъи худ гардонида, ҳамчун ѓулом истифода барад. Бо ин мақсад бо маблаѓгузории хоҷагонашон яроқу аслиҳаи зиёд дастрас намуда, дастаҳои зиёди ҷанговари худро созмон доданд. Ҳамчунин барои нигоҳ доштану ҳабс кардани одамон,  зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва ҷойҳои махсус барои ба қатл расонидан омода карда буданд. Ҳамоми собиқ совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш зиндони асосии наҳзатиҳо маҳсуб меёфт, ки бо ибораи «қасобхона» машҳур буд. Чунин зиндонҳоро дар деҳаи Ворошилови ноҳияи Кушониён (собиқ Бохтар) ва дар мактаби №20 деҳаи Ҳаваскори собиқ совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш низ ташкил карда буданд. Дар байни ҳар як деҳаву шаҳру ноҳияҳо   ташкили дидбонгоҳҳои ѓайриқонунӣ, ки аскарони мусаллаҳи наҳзатӣ дар он дидбонгоҳҳо ба озору таҳқир ва пурсуҷуҳои даѓалонаи мардуми роҳгузар машѓул  буданд, аз дигар амали ҷангуёнаи наҳзатиҳо маҳсуб меёфт. Баъди ҳама таёриву омодагиҳо ТЭТ ҲНИ бо фармони Абдуллоҳи Нурӣ барои бо роҳи зўрӣ ҷорӣ намудани ақоиди мазҳабӣ ва сиёсии худ ба гарвгонгирии мардуми комилан бегуноҳ шуруъ намуданд, ки ин амали онҳо барои оѓози ҷанги шаҳрвандии бародаркўш заминаи аввалинро гузошт. Ҷангҷуёни наҳзатӣ бо фармони роҳбарони худ садҳо нафар мардуми бегуноҳро аз роҳ дастгир карда ба зиндонҳои худ интиқол медоданд. Дар он зиндонҳо одамонро бераҳмона азобу шиканҷа намуда, дар шароити мудҳиши тоқатфарсо нигоҳ медоштанд. Шароити зиндонҳо ва шиканҷахонаҳои таъсисдодаи наҳзатиҳо ҳатто аз конслагерҳои Олмони фашистӣ бадтар буда, муносибати наҳзатиҳо бо  гаравгонон аз рафторҳои ҷангҷўёни ДИИШ дида даҳшатафкантар буд. Дар он зиндонҳо соли 1992 наҳзатиҳои хунхор садҳо нафар одамони бегуноҳро мавриди шиканҷаву озори бераҳмона қарор дода, одамонро гуруҳ-гуруҳ ба қатл расонида буданд, ки ин амали наҳзатиҳои фашисттабиатро ба ҷўз наслкушӣ чизи дигар ном бурдан хато мебошад. Пас аз озод намудани собиқ совхози Туркманистон аз дасти наҳзатиҳои даҳшатафкан, аз ҳамоми онҷо     даҳҳо ҷасади одамони бо роҳи азобу шиканҷа кушташуда ва садҳо узви бадани буридашудаи инсон дарёфт карда шуд, ки муаян намудани шахсияти ҷасадҳо комилан ѓайри имкон гардида буд.

     ТЭТ ҲНИ  барои азобу шиканҷа додану дар ниҳоят барои ба таври ваҳшиёна ба қатл  расонидани ҳаммилатони дигарандеши худ ва бо  роҳи даҳшатафканӣ ҷалб намудани мардум зиндон ё аниқтараш қатлгоҳеро дар бинои ҳамоми собиқ совхози Туркманистони ноҳияи Вахш   таъсис дода буд. Бинои ҳамоми собиқ совхози Туркманистон ҳозира Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш дар шафати рости саршавии  роҳи асосии байни шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Кушониёну Вахш ҷойгир мебошад. Дар дохили он бино  садҳо одамони бегуноҳ ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидашуданду саргузашти талху ѓамангези садҳо нафари дигар ҳанўз ҳам ифшо нагаштааст. Аксарияти ҷабрдидагону шаҳидгаштагони дохили он бино танҳо бо ҷурми кулобӣ будан аз дасти наҳзатиҳои малъун азобу ўкубатҳои гўшношунид дидаанд. Наҳзатиҳои хунхор одамони комилан бегуноҳро гаравгонон гирифта,  бераҳмона латкуб намуда, бурда ба ҳуҷраҳои оббозикунии тару намноку торик дароварда, азобу шиканҷа медоданд. Қотилону хунхорони лашкари ТЭТ ҲНИ он қадар бераҳму даранда гашта буданд, ки ҳамагӣ тули 4-5 соати то ба қатл расонидани гаравгонон онҳоро ба ҳар ҷисми оҳанину чубин чунон лату куб мекарданд, ки садои нолаву фиѓони ҷонкоҳи он мазлумон ба фалак мепечид. Яке аз он қотилон корд дар даст ба сари он бечорагон дод мезад, ки шумо кулобиҳои комунисти кофирро  бо азоб куштан даркор ва гушҳои як чанд нафарро бурида буд. Амалҳоеро, ки он қотилон нисбат ба ҳаммиллатони худ анҷом дода буданд, ҳатто ваҳшитарин даранда ба ҳамҷинси худ раво намебинад. Раҳматулоев Р ва Ҷононов А ҳарду аъзои ТЭТ ҲНИ буда дар бераҳмиву ваҳшоният собиқадор ва аз шогирдони содиқу вафодори Абдуллои Нурӣ маҳсуб меёфтанд. Ин ду шахси ҳайвонтабиати зишт  дар вақти азобу шиканҷа додани гаравгонон Умурзоқов А, Ҳусейнов И, Ҳусейнов М, Солиҳов Ю, Тошов Ф, Назаров Х, Исматов Д, Расулов Т, Ҷураев С, Ҷалилов М, Абдураҳимов Ш, Файзалиев У, Қандақов М,  Хоҷаёров И,  Пирумқулов А, Ҳафизов С, Иброҳимов Б, Қодиров Р ва Бердиев Д бераҳмиҳои ногуфтани зоҳир намуда, аз ваҳшонияти онҳо  мазлумони бегуноҳро ба қавле дар баданашон ягон ҷои солим боқӣ намонда буд. Тибқи таълимоти дини мубини Ислом ҳатто ҷонвареро озор додан ҷоиз нест, вале наҳзатиҳо пайрави кадом дину мазҳаб бошанд, ки ҳаммилатони худро бо сангдиливу бераҳмии ба худашон хос Алоҳ Акбар гуфта азобу шиканҷа доданд. Гаравгонони мазлуми аз зарби латукуб маъюбшуда чунон гиряву зорӣ мекарданд, ки ҳатто дили сангро об мекард. Вале ба қалби нопоки наҳзатиёни қотил заррае ҳам раҳму шафқат намеомад.   Агар ҳамаи ваҳшонияти наҳзатиҳоро, ки дар Ҳамоми собиқ С\х Туркманистон  нисбати одамони бегуноҳ раво дидаанд рўи коѓаз биёрем китоби бисёрҷилдае муратаб мегардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ он рўзҳои наҳсро фаромуш намесозад ва барои такрор наёфтани ҳодисоту воқеаҳои он рўзҳои шум сулҳу ваҳдат ва оромиву суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоянд.

О.Маҳмадов, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *