Чоршанбе, 20/05/2020-14:20
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш аз ҳавзаи интихоботии №8 Рустамбекова Малоҳат Рустамбековна, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳофизи Шерозии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ, ба сокинони ҳудуди ҳавза 120 адад ниқобҳои муҳофизатии чандкарата ва 60 адад маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуд. Аз ин иқдоми пешгирифтаи яке аз ҷавонтарин вакили ноҳия мардуми маҳалла хело шод шуданд.
Инчунин барои дар байни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иштирок намуда, ба онҳо қоидаҳои дурусти риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, безарурият набаромадан ба ҷойҳои серодам, зуд-зуд шустани дастон бо собун ва дигар дастуру тавсияҳоро расониданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ӽизбӣ дар бозори «Сешанбебозор»-и Ҷамоати шаӽраки Вахш вобаста ба пешгирии бемории Коронавирус бо иштироки волонтёрони Кумитаи иҷроия ва масъули Кумита аксияи њизбии «Солимии миллат – баќои давлат» гузаронида шуд.
Зимни корӽои фаӽмондадиӽӣ ба сокинон оид ба роӽӽои сироятшавӣ ва усулӽои пешгирии бемории коронавирус, аз ҷумла бо роӽи расидани заррачаӽои луоби даӽон ба чашм бинӣ, даӽон, дастони ифлос, риояи қоидаӽои санитарию гигиенӣ, тоза кардани манзилӽои зист, ӽатман пушидани ниқобми тиббӣ ва худдорӣ намудан аз гаштугузор дар ҷойӽои ҷамъиятӣ ё серодам маълумот ва ҷиӽати бештар дар хона будани шахсони аз 60-сола боло маслиӽатӽо дода шуд.