Ҳар касе нек мекунад неки бифармояш Худо

Душанбе, 18/05/2020-07:30

Имрўзҳо дасти кумак дароз кардан ба   қишри осебпазири ҷомеъ аз тарафи соҳибкорону ашхоси ҳиматбаланд  ва дигар шахсони саховатпеша  ба анъанаи неки инсони табдил ёфтаву ба назар  мерасад, ки боиси таҳсин аст. Ин рафтори саховатмандона аҳмияти маънавию ахлоқӣ дошта,  дар байни ҷомеа меҳру  муҳаббатро нисбати якдигар зиёд гардонида, то як андоза ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад. Шахси  ҳисси баланди ватандўстӣ дорад метавонад, ки амали некеро анҷом диҳад  ва дар рушду нумуи  давлати азизамон саҳмгузор бошад. Зеро дар ин вазъияти мураккабу ниҳоят ҳассосу  ноороми   ҷомеаи ҷаҳонӣ,  мушкилотҳои нав ба нав  пайдо гардида истодаанд, аз қабили   бемории сироятии Коронавирус COVID -19, ки  тамоми  сайёраро фаро гирифтаву ба  иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфии  худро расонида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеа ҷаҳонӣ аст ва наметавонад, ки аз ин ҳодисаҳои ба вуҷуд омада   дар канор бошад. Аз ин рў, дастгирии қишри осебпазиру хайрталаби ҷомеа аз қабили маъюбон, ятимону бепарасторон, оилаҳои бекасу танҳо, беморон ва алалхусус  табибоне, ки баҳри табобати беморони Коронавирус даст ба гиребонанд саривақти  ва қобили таҳсину офарин аст. Ҳамзамон  моҳи мубораки Рамазон моро ҳамроҳӣ дорад, ки дар ин моҳи муборак хайр кардан яке аз амалҳои нек ба ҳисоб рафта, аҷру савоби ниҳоят калон дорад. Чуноне, ки мефармоянд  «Беҳтарин садақа, садақаи Рамазон аст» (Тирмизи), пас ҳар нафар бояд  мувофиқи қудраташ кўшиш намояд, ки онро адо намояд ва ба ин васила ҳам савоб ба даст  ораду ҳам дар ҳалли мушкилоти ҷомеа саҳмгузор гардад. Зеро  моро танҳо мутаҳидди ва дастгириву ғамхори нисбати якдигар ба мурод мерасонаду ба ҳама  мушкилиҳои ҷойдошта ғолиб меоварад. Инчунин набояд мо аз баъзе камбудиҳои мавҷуда  ҳаросем,  баръакс мо бояд бо заҳмату меҳнати шабонарузӣ  барои  худу  наздиконамон шароити хуби зиндагиро фароҳам оварем.

Худойдод Ёров,

мудири Шўъбаи кор бо ҷавонони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *