Сарчашмаи ҷомеаи солим-оилаи солим аст

Душанбе, 18/05/2020-07:40

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, ҷиҳати пешгирии бемории сироятии КОРОНАВИРУС дар кўчаҳои        Н. Файзалиев ва Х.Давлатов-и  Ҷамоати шаҳраки «Вахш»-и ноҳияи Вахш, бо тариқи усули хона ба хона, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида ба сокинони кўчаҳои дар боло зикр гашта ниқобҳои муҳофизатии чандкарата ва навиштаҷҳое, ки дар он тавсияҳо барои пешгирии КОРОНАВИРУС  дарҷ гардидааст, дастрас карда шуд. Барои саломатии худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доштан, ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуд ва  инчунин қайд карданд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад.

Ҳамаи моро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои душвор ҳама аз як гиребон сар бароварда барои солимии ҷомеаи худ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон, тамоми чораҳоро андешида, ҳар ваҷаб хок ва ҳар қатра оби ин сарзамини аҷдодиамонро самаранок истифода барем. Ҳамзамон заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ёрирасони президентӣ ва заминҳои хоҷагии деҳқониро хубу самаранок истифода бурда, ҳам бозори дохилӣ ва ҳам таъминоти зиндагии худро таъмин намоем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *