ШИШАИ НОМУСИ МИЛЛАТ ДАР БАҒАЛ ДОРЕМ МО

Шанбе, 16/05/2020-23:23

Бемории Коронавирус ё худ Covid-19 яке аз мушкилотест, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро сахт ба ташвиш гузоштааст.   Рўз то рўз ин бемори авҷ гирифта, дар Тоҷикистони мо низ ба қайд гирифта шудааст. Дард ва шифо низ аз ҷониби Худованд аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро баҳри пешгирии ин беморӣ равона карда, ашхоси гирифтори ин бемори гаштаанд, таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор дорад. Ҳамчунин табибоне ҳозиқе, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷонро ба каф гирифта, бо ин беморӣ мебориза мебаранд, кумакҳои моддӣ расонида мешаванд.

Аз он рўзе, ки ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, барои бадхоҳону душманони миллату давлат, бахусус хоинони миллати тоҷик чун Кабирӣ, Истаравшанӣ, Шавкати Муҳаммадӣ, Шарофиддини Кафангадо, Муҳаммадиқболи Беиқбол ва чанди дигаре, ки бо садо баланд кардани хоҷагони хориҷии хеш чун саги баҳ-баҳ дум меликонанд, гўё барояшон як тўйи бенағора барпо шуда бошад. Онҳо лагандбардорони хоҷагони хориҷӣ ба ҷойи тавба карда, гиребон доранд ва аз Худо илтиҷо намоянд, ки ин бало замини осмониро аз сари миллати тоҷик дур кун, баръакс аз фавти ашхоси мазлум наборбардорӣ карда, тариқи шабакаҳои интернетӣ паҳн намуда, мардумро ба тааллука меандозанд. Дар замири онҳо ҳеҷ гоҳ нангу номуси ватандорӣ набуду нест.

Ин гурӯҳҳо на дину мазҳаб ва на Ватану миллат барояш қадр дорад. Ягона вазифае, ки хоҷагони хориҷиашон дар наздашон гузоштааст, ин коштани тухми кинаву адоват, ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок мебошад.

Онҳо ҳато забони модарии хешро пурра аз худ накардаву забонҳои нимтуркию нимэронӣ дар шабакаи иҷтимоӣ худро донишманд муаррифӣ карда, бо наворҳои дурўғини иғвоангези хеш худро “ғамхорӣ” миллат нишон медиҳанд. Ҳол он ки ин гурўҳаки ифротиву тундгаро фақат дар он андешаанд, ки чи тавр обро лой кунему моҳиро дорем. Яъне ба атсаи хоҷагони хориҷӣ «лабай» гўянду нисбати давлату миллати тоҷик ҳарфҳои ноҷо зананд. Ба ҳақиқат онҳо на ғамхорӣ миллати тоҷиканд, балки душмани ғаддор мемонанд:

«Дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ  бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромўш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекўбад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.

 Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд».

Аввал шукронаи Худованди мутааол мекунему баъдан давлату Ҳукумати кишвар ғамхори мост. Аз Яздони пок талаби онро дорем, ки ин бемориро аз Тоҷикистони азизамон дуру чашми душманонамонро кўр созад.

Ҳадаф аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки ба шабакаҳои интернетӣ бовар насозанд,  ақидаҳои гурўҳҳои манфиатҷуро дар хеш қабул накунанд.

Кабирӣ бо он Кўри Олус, Муҳаммадиқболи Беиқбол, Шарофчаи Кафангадо, Шавкати Бетавфиқ ва дигар пайравоношон рӯз аз рӯз ба гунаҳ ғарқ гашта, хуни ноҳақи бегуноҳон  160 000 тоҷики бегунаҳ бар гарданашон бор аст. Як рӯз не, як рӯз оҳи дили бегуноҳон онҳоро хоҳанд гирифт. Аз дур истода, мушханда мекунед, боварӣ доред, ки абадӣ хоҳед монд, хато кардед. Хатое, ки ҳаргиз ислоҳ шудани нест.

«Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост…  Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд».

Кош ба ин бемори душманону бадхоҳони миллати тоҷик чун шумо гирифтор мешуданду баъд ба ҳоли ҳамдигар мушханда мекардед, ё дар ғаму андўҳи ҳамдигар навҳасароӣ менамудед, шояд Мирзои Салимпул тариқи «Ахбор ком» навори фавтатонро пахш мекард.

«Баъдан ин иғвогарҳо насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд. Онон зар доранд. Зар медиҳанд, то сар бихаранд. Зар медиҳанд, то ору номусу нанг ҳангоми ҷанг бихаранд. Онон истифодабарандагони тоҷиконанд. Чунин тоҷиконро мехаранд ва мефурӯшанд. Аз як даст ба дасти дигар медиҳанд. Ин аст мафкура ва маънавиёти як гурӯҳак, ки худҳошонро, «саршиноси тоҷик», «журналисти шинохтаи тоҷик», «нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» ном мебаранд. Бубинед, ин гурӯҳаки наҳзатӣ дар ҳар ибора, бешармона ба мансубияти миллӣ – тоҷик будан ишора мекунанд.  Солҳои бистум айнан ана ҳамин хел тоҷикон буданд, ки қариб сабабгори  бедавлатии абадии тоҷикон шуданд. Ва солҳои навадуми асри гузашта боиси эҳтимолияти шикасти бебозгашти давлатдории миллии мо гардиданд».

 «Деги сиёҳ бо шустан сафед намешавад»-гуфтанд дар урфият. Булбулони дар қафасеро мемонед, ки майли сайр кардан дар биҳишти ватанро орзу доред, мехоҳед парвозкунон ба сӯйи меҳан баргардед. Вале ҳайҳот…

Ин Ватан чун шумо хоинон фарзанд надорад…

Бо роҳи каҷ рафта буданд, аз роҳи каҷ барнамегарданд. Аз ин каҷравиҳои онҳо мо-тоҷикони бонангу номус ҳиҷолатзадаем. Чи кунем, афсўс ягон чора надорем. Ба қавли бузургони сухан:

Ҳар ки по каҷ мегузорад, хуни дил мо мехўрем,

Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо…

Мо-тоҷикон дар ин лахзаҳои ҳассос даст ба дасти ҳам дода, бар зидди ин бемори муборизаи беамон мебарем. Дар ин рўзҳои моҳи шарифи Рамазон ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз карда, фирефтаи гапҳои дурўғи наҳзатиён намешавем. Аз халқи бузургворам илтиҷо менамоям, ки ба хабарҳои бофтаю дурўғи хоинон бовар насозанд, дар ҳамбастагӣ имрўзҳоро низ паси сар хоҳем кард.

Мақсаду маромамон як аст:

Ба пеш, ба пеш, ба пеш!

Ба сўйи ояндаи дурахшон!

Бо халқи Тоҷикистон!

қтибосҳо аз «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус  »

Гулшани Сипеҳр

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *