Тоҷик он касе мебошад, ки номбардору ғамшарики миллат аст

Якшанбе, 17/05/2020-7:41

(Дар ҳошияи мақолаи «Тоҷик, тоҷикият ва нангу номус» )

Мақолаи «Тоҷик, тоҷикият ва нангу номус»-ро ки бо ҳаммуалифии се тан аз олимони тоҷик А.Раҳмонзода,  З.Субҳиддин ва Ф.Мирзоёров ба нашр расидааст дар сомонаи АИ Тоҷикистон мутолеа намуда, хеле писандам омад.

Муаллифони мақола дар бораи доираи паҳншавии бемории коруно ба кишварҳои олам ва ҳанўз ҳам мувафақ нашудани ҳатто абарқудраттарин кишварҳои дунё дар маҳви билкулли вируси мазкур маълумоту таҳлилҳои ҷолибро манзур намудаанд. Олимон дар бораи аз вазъияти ба амал омада маккоронаву шағолона суйистифода намудани наҳзатиҳои иблиссифату гуруҳакони ифлостабиату зиштрўи дар олами сармоя яъне дар Аврупо панаҳ бурда хеле ҷолибу воқеъбинона нигоштаанд. Дар ҳақиқат ҳам ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи 24 ва боз хам хаминг уруҳҳои ифротии дар Паймони зидди миллӣ ҷамъ омада аз хоҷагону арбобони аҷнабиашон ду-се пули ҳаромро гирифта, ба таври шабонарўзӣ худро дарондаву ҷағонда дар шабакаҳои интернетӣ хабару гузоришҳои иғвагаронаву ғаразнок паҳн мекунанд. Дар мақола аз тоҷик будани гуруҳҳои ифротӣ бо таассуф ёдоварӣ гашта, аз кирдорҳои зидди миллии онҳо мазамат карда шудааст, ки дар ҳақиқат он хоинонро ҳаммиллат ном бурдан иштибоҳи бузург мебошад. Зеро онҳо аз бунёдашон фирефтаи пулу моли бегонагон гашта, ба решаи арзишҳои миллии мо теша мезананд. Дар ин рўзҳои сахту сангин, ки кули сайёра аз тамоми имкониятҳои зеҳниву молиявӣ истифода намуда барои ҳарчи зудтар маҳв намудани вируси қотил талош варзида кушиш ба харҷ медиҳанд, аммо наҳзатиҳои фурухташудаи хоин бошанд аз мусибати ба сари миллати мо низ омада барои худ майдону минбари таблиғи ақоиди ботилу иғвогарона сохтаанд.

Кабириву думравакони бесаводу гумроҳаш ҳатто тобути ҳаммиллатони моро ҳамчун воситаи ҷалби ҷонибдоронашон истифода намуда истодаанд.

Наҳзатиҳои палид ҳатто хабари фавти одамонро бо як навъ хушҳолӣ ва хурсандикунон эълон менамоянд. Барои палидҳои фурўхташуда шумораи ҳарчи зиёди фавтидагон ҳамчун як дастоварду мувафақият маҳсуб меёбад. Наҳзатиҳои палид барои ҳарчи зиёд нишон додани шумораи фавтидагон ҳатто одамони ду се сол пеш бо сабаби бемориҳои гуногун фавтидаро бешармонаву барқасдона ҳамчун одамони аз бемории коруно сироятёфтаву гуё маҳз дар ҳамин рўзҳо вафот карда бошанд дар сомонаҳои дуруғпардозашон ба нашр  мерасонанд. Вақтҳои охир наҳзатиҳои палиду пайравонашон ҳадафҳои нопоки худро ошкор сохта, аз талафотҳои ҷоние, ки бар асари вируси қотил ҷон ба ҷонофарин супурдаанд қаноатманд нагашта, мисли солҳои 90-ум, ки аз дами теғи онҳо 160-ҳазор ҳаммиллатони мо гузашта қурбон гашта буданд, боз мардумро ба қатлу куштор даъват намуда истодаанд.  Кабирии кури модарзод, ҳама талошҳои Ҳукумати кишварро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии вируси коруно ва фароҳам овардани тамоми шароит барои табобати гирифторони беморӣ нодида гирифта мардумро ба қиём ё ба худкушии руирост даъват менамояд. Аслан ин рафтори наҳзатиҳои палид боиси тааҷҷуб нест, зеро даҳшатафканиву террор ҷузъи таркибии фаъолияти ТТЭ ҲНИ мебошад. Муалифони мақола дар бораи хизматҳои шабонарўзии табибону талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ибрози ақида намуда, заковатмандона баҳогузорӣ намудаанд. Дар ҳақиқат кишваре, ки на захираи газу нафт дорад ва на имкониятҳои зиёди молиявӣ дар қиёс бо кишварҳои олами сармоя  дар самти мубориза бо вируси ҳамагири коруно муваффақияти бештарро ба даст овардааст, табиист, ки барои бадхоҳону хоинони миллати мо нохушоянд мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо талафотҳои мавҷуда ва оқибатҳои манфии бемории вируси ҳамагирро аз будаш зиёд нишон медиҳанд. Кирдору рафторҳои душманонаи наҳзатиҳои палидро мушоҳида намуда, маълум мегардад, ки онҳо на тоҷиканду на аз кучаи тоҷикият гузаштаанд. Онҳо миллат бохтагони бешарафу бенангу номуси беватан мебошанд. Тоҷик он касе мебошад, ки номбардору ғамшарики миллат аст. Тоҷикият оине аст, ки ватандорӣ нангу номуси ирсияш мебошад. Вале сад афсус, ки дар тинати палиди наҳзатиҳои манфур тоҷику тоҷикият ва нангу номус гавҳари ноёфтанист. Наҳзатиҳо кайҳо бар ивази пулҳои ҳароми хоҷагонашон ҳам оини тоҷикиятро фурухтаанду ҳам оини ватандориро. Миллату Ватан ҳаргиз хиёнатҳои наҳзатиҳоро нахоҳад бахшид.

О.Маҳмадов,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Вахш                              

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *