МАРГРО БА ШАХСИЯТ НИСБАТ ДОДАН ГУНОҲ АСТ

Панҷшанбе, 14/05/2020-11:55

Худованди бузургу тавоно дар китобаш Каломуллоҳи шариф сураи «Тағобун» ояти 11 мефармояд: «Болои шумо, эй бандагон ягон мусибате (марг ё мушкилӣ) намеояд, магар бо изни Аллоҳ (ҷ.ҷ) меояд».

Дар китобҳои тафсири Қурон: Аҳли уламо иттифоқ кардаанд, ки дар ҳақиқат болои мардум, хоҳ хурсанди биоядва ё нохушӣ ҳама аз ҷониби Холиқ рух медиҳад, на аз ҷониби махлуқ (шахсе) бинобар ин агар шахсе ба як нафари дигар нисбат кунад гунаҳкор мегардад.

Ҳофизи Шерозӣ мегўяд:

Гар ранҷ пешат ояду-

Гар роҳат, эй Ҳаким,

Нисбат макун ба гайр-

Ки инҳо Худо кунад.

Худованди бузург дар китоби поки осмониаш дар сураи Фурқон ояти мефармояд: «Худованди бузург ягон махлуқро (инсон)-ро бе тақдир халқ накардааст».

Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) мефармояд: «Вақте тифл (ҷанин) чаҳор моҳагӣ мерасад, Аллоҳ (ҷ.ҷ) малоикаеро мефристад, тақдирро бо тифл (ҷанин) муҳр мекунад, ки рўҳ, умр, ризқ, марг, ҳама маълум мегардад, магар барои инсонҳо, маълум намегардад».

Паёмбарамон дар ҷойи дигар мефармояд:

«Ба ҳафт рукн имон биоред, то ин ки шуморо муъмин ва мусулмонгўянд».

  1. Ба Аллоҳ (ҷ.ҷ);
  2. Ба малоикаҳо;
  3. Ба китобҳои осмонӣ;
  4. Ба паёмбарон;
  5. Рўзи Қиёмат;
  6. Ба тақдири некӣ ва бадӣ-яъне ранҷ, марг, хушӣ ва хурсандӣ аз ҷониби Худованд аст;
  7. Зинда гардонидан баъд аз миронидан ҳақ аст ва рост.

Худованди бузург дар сураи «Юнус» ояти 49 мефармояд:

«Барои ҳамаи бандагон Аҷал (тақдир)-ро китобат кардем, аз ҳамон соат як дақиқа ҳатто яксония на кам мегардонем на зиёд мекунем».

Агар теғи олам биҷунбад, зи ҷой,

Набуррад рагеро нахоҳад Худой.

Ҳамаи уламо ин ояти дар боло зикргардидаро иттифоқ карданд, ки мардум аз ин ояти осмонӣ ибрат гирифта, ба таҳлука ё эҳсосот дода нашаванд. Аз мардум Тоҷикистони азизам хоҳиш менамоям, ки фирефта нашаванд, ба гапҳои дурўгини сомонаҳои иттилоотӣ дода нашаванд. Ҳеҷ гоҳ бояд аз марг натарсем, зеро бозгашти мо ба сўйи он Худост. Марг пеш ё пас намеояд.

Бузургворе мефармояд:

Чаро ғам мехўрӣ аз баҳри мурдан,

Магар онҳо, ки ғам хурданд, намурданд.

Ё                          

Марги мо маълум, аммо мурданаш маълум нест,

Муъминам аммо имон бурданам маълум нест.

Саъдии Вахшонӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *