САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Шанбе,  09/05/2020 – 11:40

Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш  тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Рудакӣ шуъбаи 2-и ноҳия бо усули «хона ба хона» миёни сокинони корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ҳангоми вохӯрӣ қайд карда шуд, ки заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, заминҳои ёрирасонӣ Президентӣ, заминҳои наздиҳавлигиро хубу самаранок истифода бурда, барои таъмини зиндагии худ ва иқтисодиётӣ мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд. Барои пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ба вабои аср табдил ёфтааст, буклетҳои омоданамуда дастрас карда шуда,  инчунин фаҳмониданд, ки худ ва наздиконатонро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доред.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *