Ҷумъа, 08/05/2020-20:50
ДУШАНБЕ, 08.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 08-уми майи соли 2020, соати 18.00 дар мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара муноқишаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст.
Сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони ҶҚ ба тарзи худсарона аз худ кардани 4 га замини тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.
Сарҳадчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷойи он ки аз муноқиша пешгирӣ кунанд, нақши иғвогарона бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд. Дар натиҷа, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 сахт захмдор гардиданд.
Дар натиҷаи чораҷӯиҳои ду ҷониб, васеъшавии низоъ пешгирӣ карда шуд.
Байни тарафҳо – сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳарду ҷониб баҳри пурра ба эътидол овардани вазъият гуфтушунид идома дорад.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ