МАКТУБИ КУШОДИ СОКИНОНИ ҚАСАМДАРА БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Ҷумъа, 01/05/2020 – 10:27

Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои

Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем. Хушбахтона, аз тарафи сохторҳои давлатӣ тамоми чораҳо барои пешгирии ин беморӣ ва ҳифзи саломатии мардум андешида мешаванд. Касе аз камбудии хӯрока ва маводи дигари барои зиндагӣ зарур танқисӣ намекашад. Масъулон одамонро огоҳ менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, тадбирҳои заруриро барои таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва гигиенӣ амалӣ месозанд. Аз ҳама асосаш, тамоми мардуми ҷумҳурӣ дар пешорӯи ин офат якдилу якмаром гашта, итминон доранд, ки боз як имтиҳони мушкили зиндагиро китф ба китф паси сар хоҳанд кард. Аз ҷумла, мардуми деҳаи мо сад шукр, ки сиҳату саломатанд, дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳиданд ва дар ин айёми кишту кори баҳорӣ, ҳама барои таъмини рӯзгори худ ва ғанӣ гардонидани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ниёзи мардум софдилона меҳнат мекунанд. 
Аммо ҷойи шарму таассуфи мост, ки ту Муҳиддин Кабирӣ, ҳеҷ аз иқдомҳои зиддимардумии ва зидимиллии худ даст намекашӣ. Вақте ба воситаи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вазъияти Тоҷикистон ҳар гуна хабарҳои дурӯғ, туҳматнома ва буҳтонҳоро паҳн мекунӣ, ростӣ зери хиҷолат мемонем, ки дар деҳаи мо зода шудаӣ. На ба ободкорӣ, балки бо харобсозӣ Қасамдараро ангуштнамои мардуми ҷумҳурӣ кардаӣ.
Имрӯз аз пулҳои барои хиёнаткорӣ бар зидди Ватан ёфтаат зиндагии аҳлу айёлатро пеш мебарию аз Тоҷикистон мегӯӣ, ки барои мубориза бо коронавирус омода нест. Магар ту набудӣ, ки ғайриқонунӣ, бо маблағи ночизе бинои беморхонаи сироятиро дар ноҳияи Рӯдакӣ моли худ карда, бо қимати садҳо маротиба зиёд фурӯхтӣ? Ин бино агар имрӯз мебуд, садҳо, ҳазорҳо дардмандон он ҷо наҷоти худро пайдо мекарданд. 
Ҳамаи Тоҷикистон медонад, ки аз фурӯши бозори Турсунзода чанд миллион сомонӣ даромад кардӣ. Туе ки имрӯз бо ҳавои даҳан аз худ ҳомии миллат тарошиданӣ мешавӣ, чӣ хизмате барои ин мардум кардаӣ? Ақаллан барои сокинони деҳа, ақаллан, маҳале, ки хуни нофат он ҷо рехтааст, кадом кори савоберо, кадом ободиеро кардӣ? Магар ҷӯйборе сохтӣ? Синфхонаеро таъмир кардӣ? Нуқтаи тиббие бунёд кардӣ? Сангеро болои санге гузоштӣ? Ҳаргиз не! 
Ту агар дар хунат заррае мардигарӣ медоштӣ, агар аз хавфи коронавирус нисбати ҳамдиёрон агар заррае дилат месӯхт, барои хешу табор, аҳли диёрат чанд ниқоби тиббӣ, миқдоре доруворӣ харидорию ирсол мекардӣ! 
Мард онҳое мебошанд, ки дар мушкилӣ дасти миллату Ватани худро мегиранд. Мисли соҳибкори узбектабори Россия, ки барои пешгирии паҳншавии вирус дар Ватани аҷдодиаш – Узбекистон 20 миллион доллари ИМА ёрӣ дод. Аз ту магар метавон сад доллареро интизор шуд? Ҳаргиз не! Мо фаромӯш накардаем, ки ту барои харҷ накардани 200 доллари ИМА, аз Маскав ба ҷанозаи модарат наомадӣ! Магар метавон аз чунин шахс ҳимматеро мунтазир шуд? 
Гуноҳу ҷинояткориҳои пештараат ҳамчун саркардаи наҳзати террористӣ бас набуд, ки боз иғвогарию расвоиатро давом медиҳӣ? Гумон мекунӣ мардум фаромӯш кардааст, ки соли 2015 ба Ҳоҷӣ Ҳалим як миллиону ду сад ҳазор доллари ИМА дода, ҷониби мудҳиштарин ҷинояту хиёнат бар зидди Ватану миллат, табаддулоти ҳарбӣ ва талоши ғасби ҳокимият равонааш кардӣ. Хуни чандин бегуноҳро рехтӣ. Хайрият, ки ба мақсади шумат нарасидӣ. Зеро бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Ба ҳамин пул дар зодгоҳат ободии зиёде кардан мумкин буд ва он гоҳ фахри деҳаву ҳар як ҳамдиёр мегаштӣ. 
Аммо ягон ободкорие накардӣ. Имрӯз ҳам як тин ба касе намедиҳӣ. Ҳатто ба онҳое, ки дар паҳлуят қарор доранд. Ин бечораҳои фиребхӯрда ҳам намедонанд, ки пеши ту абзоре барои фиреби назари хоҷагони хориҷӣ ва рӯёндани пули онҳо барои худу аҳли оилаат ҳастӣ! Рӯзе онҳоро ҳам мефурӯшӣ! Мисли он ҳамдастони собиқат, ки имрӯз дар маҳбас қарор доранд ва азоби ҷинояту хиёнатҳои туро мекашанд!
Ҳама медонанд, ки саховатпешагию ҷавонмардӣ ва раҳму шафқат дар вуҷудат набуду нест. Фақат дар ғами ҷони худу фоидаи худат ҳастӣ. Пас, беҳтар нест, ки хомӯш бошӣ? Бе ин ҳам зарарат ба тамоми диёр, шурӯъ аз деҳа то ҷумҳурӣ расид. Ақаллан, шарм кун! Беҳаёӣ ҳам сарҳад дорад! 
Дониста бош, ки минбаъд мардуми деҳа дигар тоқати амалҳои касифонаи туро надорад. Иғвогариҳо, дурӯғпароканиҳо, туҳматҳоят дигар беҷавоб намемонанд. Сокинони деҳа фош кардани макру ҳиллаҳо ва кирдори зиддимардумиатро барои худ қарзи виҷдонӣ ва имонӣ меҳисобанд. Ту на ҳомии дин ҳастию на ғамхори мардум. Барои ту фақат манфиати пулию молиат зарур асту халос. Дар ҳамин рӯзҳои мушкил ҳам тамоми амалҳоят ба хотири манфиати худат анҷом дода мешаванд. 
Аз ин рӯ, мо сокинони деҳа, қотеъона, аз ту бас кардани ин ҳама дуруғгӯию русиёҳӣ, риёкорию иғвогариҳои ҷинояткоронаатро, ки бар зидди миллати тоҷик анҷом медиҳӣ, талаб мекунем!

Сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод:

— с Али МусаевМухаммади ОдинабекRashid RashidiyonМуҳаммадиқболи Садриддин,Тоскующий По РаюМустафо ҲаётовOdil SobirovРасул РозиковUmar MuhammadiqboliyonПарвизи МашхурШавкати МуҳаммадKholidi MahmadsaidМахмади ТешаевManuchehri KuhistoniАбу Мухаммад МуслимОятулло ГиляевҶаҳонгири Меҳандуст,Алиро Дуст. МедоремМустафо Худоеров,Мансур АбдураҳмоновКомрони Мубориз,Mahmudjon TillozodaХалид РасуловМехрубон СатторовАбдурахмон МухаммадМумин АхмадиAbuyusuf MuvahhidАбдулло Махмуд,Рахматилло ЗойировRamzi Shamsudinov,Фирузи МахмадуллоМирзосодик Сангинов,Azimjon RahmonovОдилчон МахмадовМурад КасимРустам ХамидовМарат ГиесовMehrjoni KukanshoevЗеваршо МухаммадГулбахор МахкамоваМухаммадикбол ХисайновАлишер БуймамадовРахматуллохи АлиРаҳмоналӣ ШералиевРуслан ИсоевОзоди АдолатDavid GanievJeik MillerРустам ВаххобMuhammad Said RizoiMuhammadi JahongirSaid Orzuev,Umarjoni RahmonaliБахор ОмузгорМавзунаи МирзоDaler MirzoevШариф РахимовИбодулло РахманзодаАмриддин СултонзодаЮсупов МахмадюнусРустам СухробMohru Rustami,Манучехр СафаровRajab MirzoRamazon Abi,Озода ОзодаРамзан СалимовМуборизи МуборизРасулов УмарАбдулло Раҷабов,Мехтодж ШайховТагоев Исматулло Рачабович,Одили ОдилЗебо МусобироваРаззок Ахмадов,Мувирод МувиродовМарина Давлятова,Мирзовали ФозиловСодикджон Раджабов,Davlatov Ufc MmaРазумный ЧеловекИззатулло РахимовSayfov RizvonМан Бо Туям Ватан,Сарфароз ВазировОбидбой АхмадовКоллечи ОмузгориMalik Masud MatinRustam Bobozoda,Akhmad RakhmonSomon Rahimi и Субхи Озоди.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *