Душанбе, 04.05.2020-21:33
Ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гузориши нави Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ (USCIRF) дар Тоҷикистонро мутолеа намуда, баҳодиҳии ғайримунсифонаи ниҳоди мазкур мавриди нигаронии хоси мо қарор ёфт. Мувофиқи навиштаи муаллифони USCIRF, дар Тоҷикистон соли 2019 гуё аз ҷониби давлат вазъи озодиҳои динӣ маҳдуд гардида бошад, ки ин идао комилан беасос ва ғайримунсифона мебошад. Дар гузориши шубҳабарангез омадааст, ки аз ҷониби давлат намоиши ошкорои диндории фардии ҳама гурӯҳҳоро саркӯб карда, аққалиятҳои динӣ, бавижа Салафиҳо таъқиб гардидаанд. Дар идома гузоришдиҳандагон аз риши наҳзатиҳову фаранҷипўшии хонаводаи онҳо пуштибонӣ намуда, мақомоти кишварро интиқод кардаанд. Ба таъкиди муалифони гузориш гўё “мақомот рукнҳои диниро аз ҷумла дар маросими арӯсиву дафн саркӯб карда, таъқиби афрод барои ришдориву ҳиҷобпӯширо идома доданд”. Вале вазъи ҳуқуқиву воқеии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар кишвар комилан дигар буда, эътиқодмандон рукнҳои диниву мазҳабии худро, ки мухолифи талаботҳои қонунҳои дохиливу байналмиллалӣ набошанд, озодона ба иҷро мерасонанд. Пуштибонии руирости гузоришдиҳандагон аз ТТЭ ҲНИ, ки тамоми ҷиноятҳо ва амалҳои террористии анҷомдодаи ин гуруҳ аз ҷониби мақамотҳои ҳифзи қонун мушкифона мавриди санҷиш қарор ёфта, бо гувоҳии шоҳидони зиёд исботу тасдиқи худро ёфтаанду дар кишвар мамнуъ эълон гардидааст, суолбарангезу ҳайратовар мебошад. Магар барои Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ (USCIRF) танҳо ҳамон гуруҳҳое, ки ба амнияти ҷомеаи ИМА таҳдиду хатар эҷод менамоянд, гуруҳҳои экстремистиву террористӣ маҳсуб меёбанду халос? Пас ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову террористие, ки ба амнияти чомеаи ИМА хатар эҷод карда наметавонанду ба кишварҳои осебпазир хатари амиқ эҷод менамоянд гуруҳҳои осоишати сиёсӣ муътадил ва ба шумор мераванд? Пас чунин гуруҳҳо асос дар хоки ИМА амалҳои экстремистиву террористро анҷом надиҳанд, боқӣ дар кадом гўшаи дунё ҳар амали даҳшатнокро роҳандозӣ намоянд ба хайр аст? Чунин муносибат яқинан маълум месозад, ки дар бисёр масъалаҳо барои ниҳодҳои ИМА муносибати духураву меъёрҳои дугона вуҷуд дорад.
Муаллифони гузориш худро ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вонамуд сохта дар бораи нигарониҳои аққалиятҳои динии Тоҷикистон таҳрифкорона менигорад: “Бисёр аққалиятҳои мазҳабӣ мансубияти динии худро пинҳон медоранд, чун метарсанд, ки мавриди азияти давлат қарор мегиранд”. Магар аз арзёбии мазкур муаллифони гузоришро шармашон намеояд? Охир чунин ҳолат ҷой медошт оё сокинони кишвар онро мушоҳида намекарданд? Агар мабодо чунин ҳолати монанд дар муносибати худи шаҳрвандон ҷой дошта бошад оё метавон онро гуноҳи давлат шуморид? Барои гузоришгарон лозим буд, ки пеш аз ҳама дар бораи ҷомеаи суннатии кишвари мо маълумоти кофӣ пайдо мекарданд. Дар он сурат худ итминон меёфтанд , ки ҷомеаи суннатии шаҳрвандии кишвари мо новобаста аз масъулияти ҷавобгарӣ дар назди қонун баъзе аз равияву гуруҳҳои ғайримаъмулиро комилан қабул надоранд. Вобаста ба фазои зикргаддида чандин ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Вале муаллифон дағалона амалкарди ҷинояткоронро ба давлат нисбат медиҳанд.
Муҳақиқони гузориши ба ҳукумати ИМА маслиҳат додаанд, ки минбаъд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона бо гузоштани шартҳои пешакӣ пешниҳод карда шавад. Дар чунин ҳолат кумаки пешниҳодгардидаро ёрии муғризона ё башардўстона номид?
Гузоришгарон аз ҳукумати ИМА тақозо доранд, ки нисбати бархе аз сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва шахсиятҳои ҷудогона таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ кунад. Пешниҳодҳои мазкур ба хости дили гуруҳҳои ифротиву террористӣ мувофиқ буда, ҳаракатҳои чиноии онҳоро фаъол мегардонад. Мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон дар симои ИМА ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар шарикони боэътимод ва хайрхоҳро мебинад. Бархурди нодуруст ва меъёрҳои дугона эътимодро коста мегардонад.
О. Маҳмадов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш