Ҷумъа, 01/05/2020-08:28
Имрӯзҳо паҳншавии бо суръати бемории ҳамагири заҳрогини коронавирус боиси таассуф ва нигаронии аҳли башарият гаштаву то рафт доман паҳн мекунад. Боиси таассуф ва андуҳи гарон аст, ки шамоли наҳси вируси палид ба диёри азизи мо ҳам вазиду аллакай шуморе аз ҳамватанони гиромии мо бо нишонаҳои сироятёбӣ аз бемории мазкур ба қайд гирифта шудаанд. Боиси аҳсану миннатдорӣ аст, ки мақомотҳои марбутаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати табобати дардмандон ва пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тамоми тадбирҳои беҳдоштиву тиббиро андешидаистодаанд. Вале бадхоҳону душманони фурухташудаи миллат аз қабили Кабириву ва кули думравакону тақлидкорони бесаводу камақли лаъинаш дар шабакаҳои интернетӣ шабанрӯз ба қавле худро дарондаву ҷағонда аз мусибати ба сари башарият ва миллати азизи тоҷикомада манфиатҷӯӣ намудаистодаанд. Кабирии иблисмаоби лаъин гоҳ ҳамчун фолбину пешбин ва гоҳе худро ғамхори мардум нишон дода, аз вазъи баамаломада суйистифода менамояд. Кабирии малъун дар суханрониҳояш ҳамчун фолбин шарм надошта ҷор мезанад, ки ман пешакӣ гуфта будам ку коронавирус ба Тоҷикистон ҳам меояд бовар накардед, анна дидед, ки вирус аллакай ба сарзамини тоҷикон ҳам омад. Хонандаи гиромӣ худ қазоват намоед, ҳамин ҳам кашфиёт шуд? Охир аз сироят наёфтан аз ин вируси ҳамагир ягон кишвар дар амон нест ва ҳатто кишварҳои абарқудрат пеши роҳи вуруди онро гирифта натавонистанд. Кабирии лаъини мағзмаслуқ бошад барои ин «кашфиёт» гирифтани кадом «мукофот»-ро орзӯ дорад. Кабирӣ ва думраваконаш аз фавти ҳамватанони мо ҳангомаву иғвоангезӣ намуда, ҳатто хабари фавти одамонро ба манфиати худ пахш менамоянд. Гуё онҳо метавонистанд пеши роҳи марги одамонро бигиранд. Аслан шеваи наҳзатиҳои террорист ҳамин аст, ки атрофи фавти одамон мафиатҷуӣ намоянд. Ҳамон тавре, ки солҳои ибтидои соҳибистиқлолии кишвар наҳзатиҳои малъун худ одамони бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасониданду дар маҳзари ом онро ба души тарафи муқобил бор мекарданд. Бояд зикр намуд, ки зарару зиёни расонида ва қатлу кушторе, ки аз ҷониби наҳзатиёни малъун нисбати ҳаммиллатони худ амалӣ карда буданд аз зарару оқибатҳои нохуши вируси заҳрогини Сovid 19 ҳазорон маротиба зиёд мебошад. Барои Кабирии малъун ва наҳзатиҳои хоин арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои Ватан ягон зарра қимате надоранд. Душманони миллат ба ивази пули ночизе, ки аз хоҷагону арбобони аҷнабиашон гирифтаанд, вазъияти душвори баамаломадаро таҳрифкорона шарҳу тавзеҳ дода, болои мусибати миллии ба вуқуъомада мехоҳанд фоҷеаи дигари миллӣ бо роҳи зӯрӣ сарнагун сохтани сохти конститутсиониро дар кишвар роҳандозӣ намоянд. Вале Кабирии лаъин ва ҳаммаслаконаш дониста бошанд, ки мардуми шарифи кишвар дигар ҳеҷ гоҳ ба сухани ифротиёну террористон гуш намедиҳанд.
Аз тамоми ҳмватанони бо номуси кишварамон даъват менамоем, ки дар баробари мубориза бо вируси заҳрогини Сovid 19 инчуни бар зидди суханҳои заҳрогину даъватҳои хоиннонаи Кабирии лаъину пайраваконаш мардонавор истодагарӣ намоем. Ҳамчунин дар шароити ба амаломада чун шаҳрвандони ватандӯсти кишварҳои дигар ҳар фарди ватандӯсту миллатдӯсти моро низ, мебояд дастёру кумакрасони давлату ҳукумати хеш бошем. То ин ки ин рӯзҳои душвору мушкилро сарбаландона паси сар карда дар таъмини бақои давлатдории миллиамон саҳми арзандаи таърихӣ дошта бошем.
Сокини ноҳияи Вахш О.Маҳмадов