Панҷшанбе, 30/04/2020-13:42
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, имрўз тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар деҳаи Рўдакии Ҷамоати деҳоти «Рудакӣ» Шўъбаи 2-и ноҳия тариқи усули «хона ба хона» бо сокинони деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ҳангоми вохўриҳо бо аҳолии ҷамоат қайд карда шуд, ки заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, заминҳои ёрирасонӣ президентӣ, заминҳои наздиҳавлигиро хубу самаранок истифода бурда, барои таъмини зиндагии худ ва иқтисодиётӣ мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Барои пешгирии бемории сироятии КОРОНАВИРУС, ки имрўз ба вабои аср табдил ёфтааст, буклетҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, тақсим карда шуда ва инчунин фаҳмонида шуд, ки худ ва наздиконатонро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доред.