Панҷшанбе, 30/04/2020-13:37
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо максади фаҳмонидани сокинон аз хатари коронавирус ва риояи гигенаи ҳатмии шахсӣ ҳамзамон ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ санаи 28-уми апрели соли равон дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар байни аҳолӣ корҳои назаррасро анҷом доданд.
Дар байни сокинон бо усули «Хона ба хона» варақаҳои тавсиявӣ тақсим намуда, мардумро ба риояи ҳатмии гигенаи шахсӣ ва даст назадан ба худмуолиҷавӣ ҳангоми пайдоиши нишонаҳои беморӣ ва ба табибон муроҷиат намудан таъкид карданд.
Масъулин ҳамзамон қайд намуданд, ки моро мебояд, ки ҳатман гигиенаи шахсиро риоя намуда, тибқи тавсияи табибон амал намоем, зеро як иштибоҳ ва бетаваҷҷуҳи боиси паҳншавӣ ва марги шаҳрвандон мегардад.