Якшанбе, 26/04/2020-19:20
Имрўзҳо тамоми кишварҳои ҷаҳон бар зидди Пандемияи коронавирус муборизаи билфосила бурда, тадбирҳои зиёдеро баҳри рафъи вируси заҳрогин амалӣ месозанд. Дар ин росто Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа, ҷилавгирӣ аз паҳншавии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, хусусан коронавирус ва оқибатҳои нохуши он тамоми тадбирҳои лозимаву саривақтиро андешида истодааст. Гарчанде то имрўз дар кишвари мо ҳолатҳои бо нишонаҳои бемории коронавирус ба қайд гирифта нашуда бошад, ҳам тадбирҳои зарурии пешгирикунанда амалӣ гашта истодаанд. Бо мақсади андешидани чорабиниҳои безараргардониву беҳдоштӣ дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 27 апрел то 10 майи соли равон таътили мувақатӣ эълон гардид. Дар давоми таътил биноҳои тамоми идораву корхонаҳои новобаста аз шакли моликияташон ва муассисаҳои таълимӣ бо маҳлулҳои зиддивирусӣ безарар гардонида мешаванд. Ҳамарўза тавасути садову симо ба мардум риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ талқин карда мешавад. Гуруҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфта, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат меёбад. Андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ буд, ки то имрўз ҳолати бемории аз коруно сироятёфта ба қайд гирифта нашудааст ва ин нуктаро намояндаи СҶТ дар Тоҷикистон низ борҳо тасдиқ намуд. Барои шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи воқеъии вобаста ба ҳолатҳои ҷой доштан ё надоштани пандемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагии СҶТ рўзҳои наздик ба кишвари мо ташриф меоранд. Вале баъзе нохалафону бадкешон аз гуруҳҳои ифротӣ аз вазъияти ба амаломадаи ҷаҳон суйистифоданамуда, бо паҳн кардани ҳаргуна овозаву туҳматҳои беасос мехоҳанд мардумро ба таҳлука андозанд. Ҳоло он ки ҳар фарди миллатдўсту ватандўст дар чунин ҳолатҳо мардумро танҳо ба сабурӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ даъват менамояд. Аз ҷониби бархе аз бо ном ҳомиёни миллат даъвоҳое садо медиҳад, ки дар ҳама самтҳо тадбирҳои ҳатмии маҳдудкунада (карантин) амалӣ карда шавад, ки ба андешаи мо ин комилан андешаи ғалат мебошад. Дар шароити кишвари мо дар чунин вазъи ба амаломада баракс дар самти истеҳсолот дучанд заҳмат кашида, захираи маводҳои заруриро бояд афзун намуд. Мо итминони комил дорем, ки мардуми бо шарафу заҳматқарини тоҷик сарҷаъмона меҳнат намуда, истеҳсоли маводҳои ғизоиро афзун карда, мушкилоти ба вуқуъомадаро низ бо сари баланд паси сар менамояд.
О. Маҳмадов, сокини ноҳияи Вахш