РАМАЗОН- МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН

Шанбе, 25/04/2020-11:31

Рамазон-моҳи хайру эҳсон.

Рамазон-моҳи сабр аст ва подоши сабр ҷаннат аст.

Рамазон-моҳи мусовот баробариасту адл.

Худованд дар сураи Бақара ояи 183 мефармояд: (Эй касоне, ки  эмон овардед, бар шумо рўза доштан фарз карда шуд, ҳамчуноне, ки бар касоне пеш аз шумо будаанд то бошад, ки парҳезкорӣ кунед)!

Аз  Абуҳурайра ривоят аст, ки:

Паёмбар (С) гуфт: «Шахсе рўза дорад рамазонро аз рўйи эмон ва ҳисоби аҷру подошт аз Худованд бахшида мешавад гуноҳони гузаштаашро»

Аз бузурге пурсида шуд: Чаро рўза медорем?

Дар ҷавоб гуфт: То, ки аѓниё аз холи фақерон огоҳ шаванд ва серон аз ҳоли гуруснагону ташнагон

Аз ҳикмат хоси Худованд аст, ки баъзе одамонро аз дигар ва баъзе макон аз макони дигар ва баъзе замонро аз дигар замонҳо тафзил кардааст.

Пас ин ҷо аз баъзе фазоил ва хусусияти моҳи мубораки рамазон суҳбат хоҳем кард.

Аз Салмони Форсӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбари ислом дар рўзи охири аз моҳи Шаъбон ба мо хутба карда гуфт: «Эй мардум ба таҳқо (таҳқиқ) бар шумо моҳи бузурге омадааст, ки дар он шабест бо номи Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст. (яъне ибодат ва шабзиндадории ин шаб баробар ба ҳазор моҳ ибодат кардан баробар аст)» .

Худованд рўза доштани рўзи ин моҳро фарз ва қиёми шабашро татавуъ (нафл) гардонидааст, амали ба як нофила савоби фарз ва амал ба як фарз савоби ҳафтод фарзро дорад дар ѓайри Рамазон ин моҳи муборак моҳи сабр аст ва подоши сабркунадагон ҷаннат аст. Ин моҳи мусоввот: (баробарӣ оё намебинӣ ҳама бандагони ѓанӣ, фақир, амиру вазир, зану мард ҳама дар тоати Худовандӣ, бо дороиву камдастӣ, ташналабу ҷигарсўзон, бо умеди раҳмату маѓфирати Илоҳӣ дар як вақти муайян ифтор мекунанд) ин аст фазилати моҳи муборак.

Касе рўзадореро об ё шир ё хурмое бидиҳад Худованд ўро сероб мекунад, ки ҳаргиз ташна нашавад. Ин моҳест, ки даҳи аввалаш раҳмат, даҳи дуюм маѓфират, даҳи охираш озодӣ аз оташи дўзах аст…

– Аз фазилати дигари Рамазон:

Дарҳои ҷаннат кушода мешаванд. Аз Анас (р) ривоят аст: «Ин моҳи Рамазон аст, ки ба шумо омадааст кушода мешавад дарҳои ҷаннат баста мешавад дарҳои дўзах  ва занҷирбанд карда мешавад шайтонҳоро»  

– Аз фазилати дигари Рамазон:

Аз Абўҳурайра ривоят аст: «Чун шаби аввали рамазон дарояд шайтон ва ҷинҳо занҷирбанд шаванд, дарҳои  дўзах баста ва дарҳои ҷаннат кушода шаванд ва фарёд кунад, фарёдкунандае, ки

«Эй боѓии хайр ақбил»-эй хайрхоҳи хайрпараст биё;

«Эй боѓии шар абдир»- эй шарпараст бирав ва ҳар шаб Худованд аз оташ бандагонашро озод кунад».

– Аз фазилати дигари Рамазон:

Ин, ки ҳама китобҳое осмонӣ дар ин моҳ нозил шудаанд. Аз саҳифаҳои Иброҳим (а) то Тавроту Инҷил ва Забури Фурқон (Қуръон).

– Аз фазилати дигари Рамазон:

Хондани намози Таровиҳ, ки барои уммати Муҳаммад (С) аст, бо ибтикори ҳазрати Умар (р) сурат гирифтааст.

– Аз фазилати дигари Рамазон:

Ин хайру эҳсон ва дасти сахо бар ниёзмандон аст, ки савоби дучанд дорад, бо додани таому либос ва баровардони садақаи фитр ба муҳтоҷон.

Аз ҳазрати Алӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт: «Дар ҷаннат хонаҳоест, ки аз дохил хориҷ ва аз хориҷ дохилашро дида мешавад пурсидаанд:

Эй Расули Худо барои кист, ин хонаҳо?

Расулалоҳ гуфт:

-Барои касе, ки сухани хуб дорад ва ба мардум таом медиҳад ва рўзаро давом медиҳад ва ба шаб намоз мехонад, дар ҳоле, ки мардум хобанд».

Гуфтанд бузургон:

Намоз-нисфи роҳ,

Рўза –дари малик,

Садақа- назди малик,

Ҳикмат аз рўзадорӣ дар чист?

-Рўза-яке аз бузургтарин воситаи парҳезгорӣ ба сўйи Худо аст ва сабаби ба итоати Худовандист.

– Рўза-василаи шукри неъмат дар гурснагӣ, ташна ва ҷимоъ, огоҳӣ аз ҳоли камбаѓалон.

– Рўза-ин сабаб аз дур шудан аз маҳорими Худованд.

-Рўза-ин ѓолиб шудан бар шаҳвату иштиҳо

– Рўза-ин ноил шудан ба раҳмати Худо

-Рўза-тарбияи ахлоқӣ, сиҳатии бадан ва ѓолиб шудан ба шайтон

– Рўзадорӣ-ин зуҳду тақаруб бо Худо

– Рўзадорӣ-тақвияти ҷониби руҳӣ бар  баданӣ

Ва бисёр дигар аз ҳикматҳо…

Пас рўзадорӣ ин на фақат дар тарки хўрдану нўшидан, балки тарбияи волои ахлоқист. Ҳатто касе туро дашном кард дар ҷавоб бигў, ки ман рўзадорам. Зеро рўза ягона ибодат аст, ки дар ин риё карда намешавад, ин сирест байни Худованд ва бандагонаш.

Шукронаи истиқлолият ва сулҳу суботи кишвар мекунем ва мардум аз неъмати амну оромӣ истифода карда, ба тоату ибодати Худованд машѓуланд.

Худовандо илтиҷо мекунем, рўзаи моро ба дарборат қабул намо, Тоҷикистони азизи моро аз балоҳои заминию осмонӣ, бахусус бемории вабо – коронавирус ва халқи тоҷик дар паноҳи исматат  нигоҳ дорӣ, омин.

Саъдӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *