Рустами Эмомалӣ идеали мо ҷавонон мебошанд

Сешанбе, 21/04/2020-08:15

Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани арбоби давлативу сиёсӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи наверо оғоз намуд. Дар ҳақиқат раиси тозаинтихоби Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун арбоби давлатӣ  роҳбари тадбирдону нуктасанҷ ва аз ҳама муҳимаш ба   Ватан содиқу ба арзишҳои миллӣ арҷгузор  маҳсуб меёбанд. Дар ҳама самтҳое, ки ӯ кору фаъолият намудааст дигаргуниҳои куллиро роҳандозӣ намудаанд. Хусуан таи чанд  соле, ки вазифаи Раиси шаҳри Душанберо ба зимма доранд, рушди соҳаи инфрасохторӣ бо суръат боло рафта, корҳои ободониву бунёдкорӣ аз қабили бунёди майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ ва дигар иншоотҳои аҳамияти иҷтимоидошта  қомат афрохтаанд, ки симои  Пойтахти кишвари маҳбубамон ба таври ношинохтанӣ тағйир ёфтааст.    Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун пайрави асилу содиқи Пешвои муаззами миллат ҷавонмарди саховатманду хайрхоҳ буда, дар арафаи ҳама ҷашну идҳои сунативу миллиамон ба табақаҳои ниёзманди аҳоли кумаку хайрияҳо тақдим намуда, кори хайру савобро ба анҷом мерасонанд. Мардуми шарифи кишвар кушишу талошҳо ва заҳматҳои зиёди муҳтарам Рустами Эмомалиро ба таври пайваста мушоҳида намуда, доимо ба ӯ аҳсану офарин мехонанд. Хусусан ҷавонони саодатманди кишвар ба фаъолияти пурсамари муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ӯро ҳамчун лидери тамоми ҷавонони кишвар эътироф намуда идеалӣ худ мешуморанд. Аз инҷост, ки аз шунидани хабари охир оид ба интихоб гаштан ба вазифаи боз ҳам пурмасъули муҳтарам Рустами Эмомалӣ пеш аз ҳама шодиву фараҳи ҷавононро ҳаду канор набуд.

Зеро ҷавонон хуб медонанд, ки маҳз бо ташабуси бевоситаи      муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш дар кишвар рушд ёфта, садҳо инфрасохторҳои варзиши бунёд гаштааст, ки мо ҷавонон аз он баҳравар гардидаем. Мо итминони комил дорем, ки  Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам  Рустами Эмомалӣ ҳамчун беҳтарин намунаи ҷавонмардӣ, олиҳимматӣ, ватандӯстӣ ва қавииродагӣ   барои ҷавонону наврасон мебошад.

Мо итминони комил дорем, ки минбаъд дар самти тасдиқ ва қабули Қонунҳое, ки ба  ҳимояи манфиатҳои мардум равона гардидааст, пешравиҳои беназир ба вуқуъ меоянд.

Бо истифода аз фурсати мавҷуда аз номи худам ва аз номи тамоми ҷавонони ноҳияи Вахш муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб гардиданашон ба вазифаи пурмасъул ва пуршарафи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбадаи сиёсиаашон комёбиҳои  беназирро таманно дорам.

Худойдод Ёров,

роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони»

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш         

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *