Интихоби шоиставу арзанда ба ҳамагон муборак бошад!

Ҷумъа, 17/04/2020-18:40

Хабари Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалиро шунида бе ниҳоят шод гаштем. Интихоби мазкур дар ҳақиқат  дуруст ва саривақтӣ буда, барои бақои давлатдории миллии мо ва ҳифзи саодатмандии мардуми шарифи кишвар хело муҳим мебошад. Дар ҳақиқат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун  идома диҳандаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ дар тулли собиқаи фаъолияташ таҷрибаи бузурги давлатдориву сиёсатмадориро аз худ намудааст. Таҷрибаи андӯхтаи ӯ  дар иҷрои вазифаҳои хизматии минбаъдааш  бисёр муҳим буда, муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ҳайси як ҷавонмарди арсаи сиёсат ба камол расонидааст.

      Рустами Эмомалӣ  19 декабри соли  1987 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

     У соли  2008  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди чаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, соли 2011 шунавандаи Академияи хоҷагии халқ хизмати давлатии назди Призиденти Федератсияи Россия бо ихтисоси идоракунии давлатии мунитсипалӣ  ва соли  2014  Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2006  дар сини  19-солагиаш ба арсаи сиёсат ворид шуда, ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аъзо мегардад. Худи ҳамонсол аз таҳсил фориғ нашуда, ҳамзамон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкори бо Созмони ҷаҳонии савдо фаъолияти кориашро оғоз менамояд.  Моҳи апрели соли 2009 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии идоракунии амволи давлатӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кории худро идома дода, моҳи июни соли 2009 дар вазифаи номбурда ҳамчун сардор таъин карда мешавад.  Солҳои 2011—2012 дар вазифаи  Сардори Раёсати мубориза бо қонунвайронкунии гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Солҳои 2012—2013 ба ҳайси муовини сардори Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли  2013 то соли 2015 дар вазифаи Сардори Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2015 ба вазифаи  Директорои Агентии давлатии назорати молиявӣ ва  мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Аз 4 апрели соли 2017 бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва форсӣ озодона ҳарф мезанад. Рустами Эмомалӣ ҳангоми  дар вазифаҳои гуногуни ҷмъиятиву давлатӣ фаъолият намуданаш, худро ҳамчун роҳбари кордону ташкилотчӣ, донишманду принсипнок ва нисбат ба ҳамкорон соҳибэҳтирому ғамхор нишон дода, дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми арзандаву созгор гузоштааст. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо интихоб гаштани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи парламентаризми кишвар саҳифаи нав эҷод гашта, бо кабули қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқии мутобиқ ба қонунҳои байналмиллалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ парлумони кишвар шуҳратёр мегардад. Интихоби муҳтарам Рустами Эмомалиро ба тамоми ҷавонон ва мардуми шарифу саодатманди кишвар мубораку шодбош мегуям.

 О.Маҳмадов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *