Панҷшанбе, 09/04/2020 – 18:00
Бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи интернетии иғвоангезу ҳангомаҷў «Ахбор.ком» ба рўйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар ворид карда шуда, ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон гардид. Ахбор.ком чун дигар торномаҳои хусусияти экстремисти дошта ниҳоди хабаррасони ТТЭ ҲНИ буда, ба таблиғу васфи роҳбарияти ҳизби терорристӣ машғул мебошад. Дар гузоришу хабарҳои нашркардааш пайваста ақидаҳои тундгароёнаву ифротигароёнаи роҳбарияти гуруҳҳои экстремистиии ҲНИ, ПМТ ва дигар гуруҳҳои ифротиро таблиғ намуда, ҷиҳати бо роҳи зўрӣ сарнагун кардани Ҳукумати Конститутсионии кишвар мардумро ба тазоҳуротҳои ғайриқонунӣ ва ба бетартибиҳои омавӣ даъват менамояд. Муассиси торномаи мазкур М. Салимпур аслан дастпарвару тарбиятдидаи ТТЭ ҲНИ мебошад, ки ҳанўз дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар сар задани оташи ҷанги бародаркўш нақши муҳим дорад. Айни ҳол М.Салимпур бо мақсади аз ҷавобгарӣ рў тофтан дар Аврупо фирорӣ гашта, барои расидан ба мақсадҳои нопоки деринааш дар торномаи иғвобарангезаш гузоришу матлабҳои нооромкунандаи вазъи ҷомеаи кишварро ба нашр мерасонад. Барои ин тоифа одамон оромиву осудагӣ ва ободии Ватан арзише надошта, дар қиболи чанд пули ҳарому ночиз омода ҳастанд, ки бо паҳн кардани хабару гузоришҳои туҳматангезу иғвогаронаи хеш бори дигар дар кишвар хунрезиву харобкорӣ ва бенизомиро роҳандозӣ намоянд. Вале мардуми шарафманду шуҷоъи кишвар аллакай симои аслии ин зумраи хабисро мешиносанд ва намегузоранд, ки фазои сулҳу ваҳдат дар Ватани маҳбубамон халалдор гардад. М. Салимпур дар калби сиёҳу ифлосаш аз дер боз ҳисси интиқому кинаву адоват парварида, дар торномаи бадномаш ба таври пайваста хабару гузоришҳои муғризона пахш менамояд. Ў оддитарин қоидаҳои хабарнигориро риоя накарда, ҳар хабари дуруғу беасоси дастрас кардаашро бетаҳлилу санҷиш дар сомона пахш нашр мекунад ва ё камбудиву воқеаҳои ночизро аз будаш садҳо маротиба зиёд нишон медиҳад. Чунин тарзи корбарӣ танҳо бо мақсади ноором сохтани вазъи ҷомеа амалӣ карда мешавад. Ҳоло он, ки дар шароити вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони пурталотум ва ҷаҳонишавии босуръат ҳар як фарди ватанхоҳ хусусан хабарнигоронро мебояд ба мардум ғояҳои милливу ватандўстонаро талқин намоянд ва барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми босазои худро гузоранд. Ватани маҳбуби мо дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолии хеш мебоист раванди давлатдории миллиро тезонида, бузургтарин неъмат истиқлолияти касбнамудаашро тақвият медод. Вале гуруҳҳои манфиатҷуву бегонапараст, ки дар сархати он гуруҳҳо ТТЭ ҲНИ қарордошт, кишварро ба ҷанги бародаркўши кашида, ватанро ба харобазор табдил дода буданд, ки дар оғоз ёфтани он фоҷеаи миллӣ кисме аз хабарнигорон бо шумули М.Салимпур сабабгор гардида буданд. Имрўзҳо, ки бо кушишҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ватани азизамон тинҷу ором ва ободу зебо гашта истодааст, бояд фаъолияти ҳамагуна гуруҳҳои ифротӣ аз ҷумла сомонаи иғвобарангези М.Салимпур Ахборком.ком дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълон карда шаванд.
О.Маҳмадов