ДАСТГИРИИ ЯТИМОНУ НИЁЗМАНДОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Панҷшанбе, 09/04/2020-08:10

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон љиҳати расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, бо ташаббуси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо дастгирии Вакили маљлиси намояндагони маљлиси Олии Љумҳурии Тољикистон Раиси фраксияи ҲХДТ Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ба муассиса интернати ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш дар ҳаљми 100кг  маводҳои шўстушўӣ љиҳати  пешгирӣ аз бемории сироятии Коронавирус (COVID-19)  аз қабили сачоқчаҳо, ферӣ, арел ва дигар маводҳои лозима кумак расонида шуд. Дар ин радиф аз ҳамаи шахсони саховатпеша даъват ба амал меорем, ки љиҳати пешгирӣ ва сироят наёфтани аҳолии ноҳияамон ба бемориҳои сироятӣ ба оилаҳои камбизоат, хонаи пиронсолон, муассисаҳои таълимӣ ва боѓчаҳои кудакона барои дастрас намудани маводҳои антисептикӣ дасти хайру сахо дароз намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *