Наврӯз – нусратномаи пояндагӣ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:43

Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад,

Нигор омад, нигор омад, нигори бурдбор омад.

Наврӯз маҳбубтарин ва маъруфтарин иди мили мо, тоҷикон буда, моро ба таърихи кӯҳани аҷдодонамон мепайвандад. Ниёгони мо Наврӯзро аз аҳди қадим ҷашн мегиранд. Ба шаҳодати сарчашмаҳо ҷашни Наврӯзи таърихи бештар аз се ҳазор сол бо инкишофи деҳқонӣ ҳамчун расму оинни мардуми минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз ба асотири фалакӣ оид ба табиати миранда (Зимистон) ва зиндашаванда (баҳор) вобаста будааст. Дар тулии асрҳои гузашта ин ҷашн борҳо ба таъқиб дучор гардида, бо намои «Уқфӣ» ба «Динӣ» манъ ҳам шудааст.

Дар устудаҳо оғози таҷлили наврузро ба Ҷамшеди Пештоди- қаҳрамони достонҳои эронӣ ва аз он ҳам пештар ба Каюмакси Кӯҳшоҳ, ки аввалин шоҳ дар байни одамон буд, нисбат медиҳанд. Наврӯз дар аҳди Ҳакоманишинон баҳукми анъана даромад ва ба иди расмии мардуми ориёи табдил ёфт.

Наврӯз пешонии соли нав оғози тақвими шамсии ниёгонамон мебошад. божаи Наврӯз дар паҳлави ба сурати «Нукруч» омадааст, ки муракаб аст аз ду ҷузъ: бахши аввал-нук ба маънии нав, ҷадид, тоза ва бахши дуюм-руч ба маънии рӯзи нав-рӯзи тоза.

Мутафаккирон ва адибони бузурги халқамон чун устодон Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Абдураҳмони Берунӣ, Абулқосимӣ Фирдавси, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Саъди Шерозӣ, Сайидои Насафӣ, ва дигар бузургонамон ба ҷашни Наврӯз ба маросимҳояш рӯоварда, онҳо бо итиҳод ва самимияти бузург сутудаанд.

Наврӯз дар аҳди Сомониён шаш рӯз ҷашн гирифта мешудааст, рӯзи аввал мардумро мепазируфтан рӯзи дуюм ва мансабдорон ба қабули шоҳ меомаданд, рӯзи сеюм мӯбадан, рӯзи чорум аҳди дарбор рӯзи панҷум фарзанду хешу табор аз тарафи шоҳ қабул карда мешуд. Рӯзи шашум шоҳ Наврӯзро ҷашн мегирифт ва ин рӯзро Наврӯзи бузург меномиданд.

Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст:

-Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзи рӯбъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқе натавонад омадан. Чӣ хар чол аз муддати ҳаме кам шавад.

Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.

Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада, мӯбадон гирд карда, ва бифармуд, таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Мӯбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳодананд. Ва чунин гуфытанд, мубадони Аҷам, ки донони рӯзгор буданд, ки эзиди таборак ва таъоло дувоздаҳ фаришта офаридааст, аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гузоштааст, то осмонро ба ҳар чӣ андар ӯст аз ахриманон нигоҳ доранд ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз куҳи Қоф баргузаранд. Ва чунон ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дурр медоранд ва халоиқ.

Муҳаммад Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, ки дар ибтидои моҳи фарвардин кишоварзон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва пас аз панҷ рӯзи он муғон қайд мекарданд. Бинобар якеро «Наврӯзи кишоварзон», дигарро «Наврӯзи муғон» меномиданд.

Ҷашни Наврӯз чун ҷашни маҳбуб ва пешқадами миллии ориёинажодон бо мазмунҳои тоза ба тоза ғанитар гардида, кайҳост, ки аз ҳудуди миллӣ берун рафта ва дар фарҳанги миллии халқхои осиё ва мамолики Шарқ пазируфта шуда, тоҷику эрониҳо, курдҳо, афғонҳо, балучҳо, тоторҳо, озорҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, қиргизҳо ва даҳҳо халқҳои дигар Наврӯзро ҷашн мегиранд, ба шарафи он тантана меороянд.

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ориёинажодон аст, ки бо нахустинрӯз аз нахустин моҳи соли хуршедӣ (Фарвардин) дар баҳор, онгоҳ ки офтоб ба бурҷи ҳамал интиқол меёбад ва рӯзу шаб баробар мегардад, огғоз мешавад.

Наврӯз ҷашни бумӣ ва оини ниёкон, рукни боэътимоди фарҳанги миллии мост ва амсоли боғи шукуфон ва шодоби фарҳанги ориёи ҳамеша руҳафзо ва муаттар аст. Ниёгонамон дурахшандагӣ ва гармои хуршедро мояи зиндагонӣ дониста, оғози тобандагӣ ибодатро ҷашн мегирифтанд. Дар ин айём ҳастии инсон ромиш надорад ва ҳамеша дар тапиш аст. Вай гароиш ба замин, рӯиш ва сабзиш дорад. Баҳор гоҳи зоиданҳо , рӯйиданҳо ва сабзиданҳост. Ҳастӣ ҳар сол дар ҳамин ҳангоми ин корро аз сар мегирад ва хешро тозаю боланда медорад. Бидуни рӯйиш ва болиш ҳастӣ нахоҳад буд. Ниёгони фархестаи мо ин розро дар рӯзгори басо пешин дарёфта буданд. Аз он ҷо рӯяндагӣ ва боландагиро месутуданд, оғози онро гиромӣ медоштанд.

Наврӯз марзе намешиносад ва аз ҳар деворе дар сарзамини ориёитаборон ворид гардида, ақвом, мазоҳиб ва ақоиди гуногунро, ки дар ин марзи эзидӣ зиндагӣ мекунанд. Яксон шодмон медорад. Ба ҳамин ҷиҳат, устод А. Фирдасӣ эътироф ва маъруфияти онро аз бузургдошти растӣ, ҳақиқат ва пояндагии марзу буми ниёкон  ҳисобида, ба ҳадде муқаддас ва мавриди эҳтиром медонанд, ки ҳамагон ба он савганд мехӯранд.

Нигаҳ дорад ойини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри наврӯзу оташкада.

Ҳамон Урамузду маҳу рӯзи меҳр,

Бишӯяд ба оби хирад ҷону чеҳр.

Кунад тоза ойини Луҳроспӣ,

Бимонадкайи дини Гуштоспӣ.

Меҳонро ба меҳ дораду кеҳ ба кеҳ,

Бувад дин фурӯзандаву рӯз беҳ.

Ба Яздон номи ту, эй шаҳриёр,

Ба Наврӯзу мехру ба хуррам баҳор.

Ки гардастӣ манн з-ин сипас низ руд,

Бисояд мабодо, ба манн бар дуруд.

Наврӯз дар тӯли таърих мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор доштааст ва ҳаводиси рӯзгор агарчӣ гоҳ-гоҳ онро ба шуру гармӣ андохта, аммо ҳаргиз ба фаромӯшӣ супорида нашудааст. Дар масири таърих меҳргоҳ ва Сада равнақи худро аз даст доданд, аммо Наврӯз ҳамчунон пурравнақ ва шодиафзо пойдор мондааст ва ба қавли шоир Носири Хусрав:

Наврӯз беҳ аз меҳргон агарчӣ,

Ҳарду рӯзонанд эътидолӣ.

Чун ба фалсафа ва моҳияти зиндагисози Наврӯз назар афканем, ба ин маънӣ хоҳем расид, ки Наврӯз бо рисолати офаридгориаш покиза, муаттар ва дилафрӯз аст ва ниҳоди гузаштагонро ба имрӯзиёну ояндагон мепайвандад.

Маросими Наврӯзӣ аз рамзҳои рангоранг ва пурҳикмат бой аст. Як қатор рамзҳои ҷашнӣ дар дастархонҳои идона «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» гирд омадаанд. Боз аз гулҳои баҳман, сияҳгӯш, бойчечак, бойқандак ва монанди онҳо барин рамзҳои наврӯзӣ ёдовар бояд шуд, ки барои ҳар  як инсони дилогоҳ азизу мафҳум аст.

Солҳое, ки Ҳукумати  қудратманди Шӯравӣ наврӯзро нишони бойию феодалӣ дониста, таҷлилӣ онро манъ карда буд, наврӯзро дар қалбу умқи ҷони мардуми мо поянда буд, онро бо номҳои иди баҳору меҳнат ҷашн мегирифтанд.

Аз ин рӯ, таърихи миллати мо гувоҳи он аст, ки ҳамеша мо бо наврӯз нафас мегирифтем, зиндагӣ мекардем, ишқ меварзидем, дӯст медоштем, ҳикмат меомӯхтем, меофаридему месохтем, худоро мепаристидем, шукрона мегуфтем, эҳё мешудем.

Барои ҳамин:

Наврӯз-таҷлилии чун мурғи самандар аз оташи таърих бурун омадани мост;

Наврӯз_ нусратномаи пояндагии мост;

Наврӯз-шаҳкитоби худафрӯзиҳо ва ғолибияти мо алайҳи қувваҳои аҳриманӣ;

Наврӯз-дафтари дурахшони иқболи мо ба тамоми аҳли башар мебошад;

Наврӯз-оинаи сохтанҳо, афрохтанҳо ва афрухтанҳои миллати мост;

Наврӯз-саодатномаи халқи шарифи мост, ки дар худ ин ҳарфҳо яъне: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро то ҷовидон таҷассум кардааст.

Таҷлили Наврӯз ин шабу рӯз ҷаҳонро тасхир кар ва он ҷашни умумибашарӣ, ҷашни ваҳдату ҳамбастагии инсоният пазируфта шуд.

Мирзо Сулаймонов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *