НАВРЎЗ МУБОРАК!

Ҷумъа, 20/03/2020-12:24

Бахшида ба ҷашни иди Наврўзӣ байналмиллалӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба як қатор мақомотҳо рамзи наврўзӣ, яъне  суманакро  ҳамчун ҳадяи баҳорӣ ва табрикномаи Наврузӣ пешниҳод намуданд.

Ба Прокуратураи ноҳияи Вахш ташриф оварда, кулли кормандони ин мақомот ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафи Тоҷикистонро бо омад-омади ин иди аҷдодӣ таҳният гуфта, бо шеърхонии кўдакони баландиқболи замони соҳибистиқлолӣ таъби онҳоро болида гарданиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *