ОМОДАГИ БА ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗ ДАР МУАССИСАҲО

Ҷумъа, 20/03/2020-12:22

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврўзӣ оламафрўз, дар тамоми ташкилоту муассисаҳо корҳои тозагию ободонӣ ба анҷом расида истодааст. Марказӣ ноҳия симои худро кулан дигаргун намуда, мардуми касбу кори гуногун дастаҷамъона ба атрофро тозаю озада гардонида истодаанд. Бо ҳамин максад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш бо тариқи ҳашар шанбегӣ гузаронида шуд. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба муассисаи мазкур ташриф оварда,  онҳоро бо фарорасии ҷашни Наврўз табрик намуда, барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *