ТОЗАКУНИИ ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШҲО ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛИСТ

Чоршанбе, 18/03/2020-16:50

Кишоварзони ноҳия, аз ҷумла меҳнаткашони хоҷагии тухмипарварии «Кўлоб» баҳри замина гузоштан барои ба ҳосили оянда имрўзҳо корҳои саҳроиро дар самти яхобмонӣ, ҷўйбортозакунӣ, заҳбуру заҳкаштозакунӣ, ҷуфти заминҳо ва дигар корҳои вобаста ба кишту кори баҳорӣ  вусъат дода истодаанд.

То ин дам  ба миқдори 6 ҳазор метар заҳбуру заҳкашҳо,беш аз 20 ҳазор метри мукааб ҷўйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз ҳазор бех ниҳоли тут шинонда шуда тозакунии байни тутҳо ба анҷои расонида шуданд. Дар шудгори заминҳо 13 трактор, ки аз ин яктоашро трактори  тамғаи Т-4 (Алтай) ташкил медиҳад, иштирок доранд ва тавассути кори босифати ин механизаторони ботаҷриба ва механизмҳо шудгори заминҳо бо сифтаи хуб гузанонида шуда истодаанд.

Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки дар корҳои кишоварзӣ таҷриба бою ғанӣ доранд, медонанд, ки кори босифта омили пешрафти корҳои  саҳроӣ ба ҳисоб меравад. Ва бо ҳамин мақсадҳои нек онҳо  корҳои кишоварзиро дар ҳама самтҳо идома дода қушиш доранд барои  ҳосили оянда заминаи мустаҳкам гузоранд.

М. ИКРОМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *