ГАРМХОНА БАРОИ ГУЛПАРВАРӢ

Чоршанбе, 18/03/2020-16:50

Бо иқдом ва дастгирии  иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия муҳтарам Юсупов Қурбоналӣ Қувватович дар ноҳия боз як минтақаи гулпарварӣ расман ба кор оғоз намуд.

Пешбурди корҳои гулпарвариро дар ин ҷо гулпарвари моҳир Саидпочо Ҷононова ба уҳда дошта, аллакай 5 гармхонаи гулпарвариро омодаи кор намудааст.

Ба иттилоъи худи ў айни ҳол аз рўи 4 намуди гулҳо 100 ҳазор дона гул барои шинонидан омода шудааст.

Дар гармхонаҳо гулҳои намуди геран, садсола, алоэ, кактус, арчагул, картошкагул, виола, садбарг ва ғайраҳо парвариш ёфта истодаанд.

Акнун ҷиҳати ороиш  ва  зарурати  зебопарастӣ мо ба соҳибкорони маҳаллии  худ метавонем муроҷиат намоем.

И. ТУРСУНМУРОДОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *