НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ

Душанбе, 16/03/2020-14:05

Дасисаву туҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан-модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнаткор мебошад. Барои чунин хоинон маҳфумҳои муқаддаси Ватан-модар, миллат, таърих забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳошияи ин суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро қайд карданиям, ки ҳар нафар агар заррае аз кўчаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, аз кўчаи одаму одамгарӣ гузашта бошад, баҳри Ватан-модар, таърихи гузаштаи худ, забону фарҳанги миллӣ хиёнаткориро раво намебинад.

Имрўзхо роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз қабили терроризм, экстремизм дар тамоми расонаҳои хабарӣ ва рўзномаву маҷаллаҳои кишварамон ҳарф мезананд. Дар байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки фирефтаи гурўҳҳои ѓайр нагашта, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба фиребу нанранги хоинони кисапараст нашуда, бо дасти хеш худро ба чоҳ напартоянд. Ояндаи худу наздиконашонро доѓдор насозанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохўрӣ ва суханрониҳои хеш ба наврасону ҷавонон рў оварда, бо эътимоди хоса мегўянд: «Ҷавонон нерўи тавонову пешбаранда ва ояндасозӣ ин давлату миллатанд. Бояд наврасону ҷавонони даврони Истиқлолият ҳушёру зирак бошанд, бештар ба омўхтани илму маърифат ва касбу ҳунар рў биёранд».

Ба ҳамагон маълум аст, ки экстремизму терроризм амали номатлуб, сўзандаву даргиранда буда, таъсири он имрўзҳо дар тамоми кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст.

Терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ маъниҳои сиёсати тарсонидан, фурў нишонидани душманони сиёсӣ, мазҳабӣ бо роҳи зўрӣ, нобудсозӣ ва куштор пайравӣ ба гурўҳҳои ифротидошта, пайравонаш ба ин васила бештар наврасону ҷавононро фирефтаи худ мегардонанд. Аксарияти ҷавононе, ки аз таълиму тарбия дур монда, иродаи заиф доранд, ба доми онҳо меафтанд.

Ҳар як фарди бонангу номусро зарур аст, ки ҷавонони ҳушёру зирак бошанд, то дар рушду нумуъи ватан-модар ва ҳифзи он камари ҳиммат банданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёмашон иброз доштанд: «Солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам амалҳои террористӣ содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният таъсири манфӣ дорад».

Гурўҳҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ сўиистифода аз сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонону наврасони камтаҷрибаву ноогоҳ ѓояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ ташвиқ менамоянд.

Дар кишвари ҳамсоя зиёда аз 40 сол мешавад, вазъи сиёсияш ноором аст, бо номи давлати исломисту бо кишвари мо-Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад.

Пас ҳар як сокини кишварро мебояд бо андеша бошанд, ақли худро ба кор баранд. Зеро амнияту суботи минтақа қабл аз ҳама ба вазъи сиёсии кишвар вобастагӣ дорад.

Барои мубориза алайҳи амалҳои номатлуб ҳамагон бояд даст ба дасти ҳам диҳем, то ватани аҷдодии хешро обод намоем.

Дар байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ барем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят созем. Фарзандонро зери назорат гирем. Онҳо ба шуѓл фаро  гирифта, таълиму тарбияи дуруст диҳем. Ҳамкори падару модарро бо мактаб зич намуда, касб омўзонем. Чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ гузаронем. Ҷавонону наврасонро аз оқибатҳои нохуши амалҳои номатлуб терроризму ифротгароӣ огоҳ намоем, то онҳо ба омўзиши илмҳои муосир рў оранд.

Ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд масъул бошанд, онҳоро дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ба воя расонем. Дар мафкураи онҳо мафҳумҳои муқаддаси Ватан-модар, миллат, таърих ва анъанаҳои ниёгони хешро ҷой диҳем.

Ҳамчун ҷавонони бонангу номуси кишвар дар ҳимояи марзу бум омода ҳастем. Намегузорем, то бадхоҳони ватанамон бо фиребу найранг хизматгори хориҷии худ гашта, нисбати кишварамон суханҳои паст гўянд.

Мо-ҷавонон даст ба дасти ҳам дода, ватанро обод месозем. Бо хизматҳои арзанда, дастовардҳои назаррас саҳм мегузорем.

Тоҷикистон, ба пеш!

Ба пеш, ба пеш, ба сўи ояндаи дурахшон!

Носир Раҳмонов, омўзгори МТМУ№56

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *