Day: March 14, 2020
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гузориши ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон
Ҷумъа, 13/03/ 2020-17:37 ДУШАНБЕ,13.03.2020 АМИТ «Ховар». 11 марти соли ҷорӣ Департаменти давлатии ИМА гузориши навбатии солонаро оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон мунташир намуд. Дар робита ба ин имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот интишор кард, ки матни пурраи онро дар зер пешкаш менамоем: «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим медонад, таъкид намояд, ки ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон абзорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ инсон фаъолият доранд,…