Якшанбе, 08/03/2020-15:13
8 март, Рўзи Модар!
Модар муқаддас аст ва зиндагӣ аз ў ибтидо мегирад. Зан-модар нуру зиёи олам ва гарми изиндагӣ.
Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи фарзандии мост. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсўзиву ѓамхории бедареѓи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.
Худованд дар каломи осмонии худ-Қуръони маҷид ҳурмату эҳтироми занон ва бо онҳо бо некӣ рафтор карданро аз ҷумлаи воҷиботи ҳар як мусулмон фармудааст.
Ҳадиси ҷовидонаи Пайѓамбари ислом–«Биҳишт зери қудуми модарон аст» дар ҳама ҳолат зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоем.
Зебонисо Нодирова, бо хираду бурдборӣ, диловарию қаҳрамонӣ ва кўшишу талошҳои барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат хизмати басо бузург кардааст. Зеро аз соли 1975 тибқи роҳхат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳайси омўзгори физика-математика фаъолият менамояд. Ҳамчун омўзгори хушсалиқа дар байни мардум соҳибэҳтиром гардида, аз омўзгорӣ то вазифаи роҳбарии муассисаро ба уҳда дошт. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои бепоёниўро ба назар гирифта, соли 2015 бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣнамуд.
Дар баробари омўзгори ботаҷриба будан, дар оилаи зани боиффату ҳамсари меҳрубони Раҳматулло Раҳмонов, модари мушфиқу ѓамхори 4 писару 5 духтар, бибии афсонагў барои 45 набера аст.
Ин рамзист, Рўзи модар ба рўзҳои фасли зебои сол, баҳори оламафрўз рост омада, гулҳо мешукуфанд. Вале бонувони арҷманд, гулҳои зебоӣ ин сарзамини аҷдодии моед ва ҳамешабаҳор буда, бо зебоиву малоҳат, ҳунару волою маърифат ва меҳру шафқати худ рўзгорро таровати хоса мебахшед.
Рўзи Модар муборак!