МУҲАББАТИ МОДАР

Якшанбе, 08/03/2020-15:10

Модар!

Имшаб боз зери хаёлҳои ту будам. Миёни андешаҳои рўзгор, боз чеҳраи нурониат пеши назарам омад. Ҳар пагоҳӣ бо умедҳои зиёд ба дабистон гуселам менамудӣ.

Шабҳо сарамро ба зонуят монда, қиссаҳои ширин мехондӣ.

Модарам – худ яккаву ягона ҳастӣ, забонат мисли шири сафедат пок ва беолоиш аст. Ҳар як суханат аз самими қалб ва бо меҳру муҳаббати беандоза мебарояд. Нармдилӣ ва хоксорию лафзи шевоятро касе иваз карда наметавонад. Вақте, ки тифл дар батни модар аст, ў басо эҳтиёткор аст, то фарзанде, ки бо сад умед интизораш аст, солим ба дунё ояд.

Чӣ мушкилиҳоеро паси сар накардӣ модар! Гуё бо аҷал дастбагиребон шудӣ то фарзанд ба дунё орӣ! Бале…

Буданд модароне, ки ба хотири фарзанд дунёро падруд гуфтанд. Аё модар шабзиндадорӣ намудӣ, гоҳе нимхоб будию гоҳе гурусна, аммо гар атсае аз димоѓи фарзанд барояд чун барги бед меларзидӣ. Хўрондӣ, пўшондӣ, азият кашидӣ, нахуфтӣ то, фарзандро бо сад меҳрубониҳо калон кардию бо суханҳои аввалини лафзи кўдаконааш «оча»- болидӣ, шодӣ кардӣ,  худро хушбахт ҳисобидӣ, шукр кардӣ.

Ҳангоми бузург шудани фарзанд гумон кардӣ, ки дастгират бошанд, чанд фарзанде, ки бошад, ҷойи ҳар кадоми онҳо  дар қалбат алоҳида аст. Сари хон ҳамаро сарҷамъ намудӣ, бо хўроки  гарм, бо суханҳои ширину пандомезат дили моро гарм мекардӣ.

Ин қадар бузургӣ, ай модар! То лаҳзаҳои умр модар  барои фарзанд ѓусса мехўрад. Аммо фарзандоне ҳастанд, ки  ин қадар меҳру машаққати модар – офарандаро паси сар карда, нисбати ў беҳурматӣ зоҳир менамоянд. Модар буду мадорашро тамоми ҳастияшро ба фарзанд мебахшад. аммо фарзандон на ҳама вақт ба дили модар малҳам мешаванд.

Ҷое, ки воқиф ҳастам, ба суханони ларзони даврони пиронсолиат гўш намедиҳанд. Инҳоро дида ашк мерезӣ, ѓусса мехурӣ, маъюс мешавӣ. Ҳатто дар ҷавоб суханони хуб низ нашунавӣ. Бо ин ҳама дилсардиҳо боз ҳам фикрат ба фарзанд аст. Аё модар бахшанда ҳастӣ!

Ҳамаи гуноҳҳои фарзандонро мебахшӣ, гўё барои ҳамин  кор Парвардигор офарида бошад. То нафаси охирин  фарзанд мегўӣ…

Аё модар, бузург ҳастӣ, ягона ҳамрозам будию ҳастӣ- паноҳгоҳу дармонам ҳастӣ. Ҳар гоҳе, ки даст ба дуо  бардоштӣ дуоям медиҳӣ ва ман шукрона мекунам, ки модар дорам, давлати сарам ҳастӣ, ай модарҷон!

Ҳар ҷойе сафар намоям, ё кореро оѓоз созам, бо дуои  неки модар сарфароз гаштаам. Аз даргоҳи Яздони пок  таманнои онро дорам, ки модарам ва кулли модаронро  дар паноҳи худ нигоҳ дорад.

Сари таъзим фуруд меорам, пеши модарон!       

Т. РАСУЛОВА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *